Даврони навҷавонӣ ва ҷавонӣ, даврони ҳассос ва сарнавиштсоз ва таъйинкунандаи шахсияти фард аст. Чизе, ки метавонад ин ҳассосиятро дар масири ҳидоят, ва ғурурро дар тариқи мусбат қарор диҳад ва шаҳватро машрӯъ намояд, қонуни илоҳӣ; яъне Қуръон ва аҳодиси Паёмбар (с) ва пешвоёни дин аст.
Дар ин навиштор, ба баъзе роҳкорҳои Қуръон ва ривоятҳо дар муваффақият ва шахсияти ҷавон ишора мегардад.
Қуръони карим симои ҷавони шоистаро чӣ гуна баён мекунад?
Ҷавонӣ, беҳтарин ва ҳассостарин давраи умри ҳар мавҷуде, ба хусус инсон ба ҳисоб меояд. Дар ҳамин давра аст, ки инсон метавонад сарнавишти худро рақам бизанад ва уфуқи ояндаи худро рӯшан ва дурахшон ва ё онро тираву тор созад. Қолаби вуҷудии як инсон дар давраи ҷавонӣ шакл мегирад ва ояндаи ӯ ҳам бар ин асос рақам мехӯрад. Дар ҳар асре ҷавонон бештар мавриди таваҷҷӯҳ ҳастанд ва дар шаклгирии мавзӯоти мухталиф дар ҷомеаҳо нақши муассире ифо мекунанд ва дар ин миён баъзе афрод, аҳзоб, қудратҳо ва ғайра, аз эҳсосоти пок ва таҳарруки нерӯи созандаи ҷавонон дар ростои манофеи шахсӣ ва гурӯҳии худ суд мебаранд.
Устоди сухан Саъдии Шерозӣ монанди дигар гӯяндагон ва нависандагони порсигӯй, ба роҳҳои гуногун аз Қуръону ҳадис баҳра бурдааст. Гоҳ аз бахше аз оят ё ҳадис, гоҳ ба маъно ва мафҳуми онҳо ва гоҳ бо талмеҳу ишора ба як вожа, ба он ду гавҳари осмонӣ, сухани худро гаронқадр сохтааст.



