Кимиёи саодат

 
 
You are here:
 
 

Пурсишу посух

Оё фарқе байни кофир ва номусалмон ҳаст?

Суол: Бародари азиз, ба наздикӣ мақолае аз номи Юсуф Қарзовӣ дар ин сайт хонда будем, ки мегӯяд: Шахсе агар мусалмон набошад аммо бар зиди ислом набошад, мо вайро кофир гуфта наметавонем, балки номусалмон меномем. Яъне фарқ байни кофир ва номусалмон дар ҳамин аст. Агар ман хато накарда бошам, аз Шумо хоҳиш дорам барои дастрасӣ ба ин мақола кӯмак кунед.

Ҷавоб: Чунин мақолае аз Шайх Юсуф Қарзовӣ, ки дар ин сайт гузошта шуда бошад, ба ёдам намеояд, агар шумо ёд доред, лутфан таърихашро ба ман эълом кунед. Вале агар ҳам чунин мақолае бошад, қатъан шумо хато бардошт кардаед, зеро хеле рӯшан аст, ки тақсими як мавзӯъ (монанди инсон) ба як чизе ва зидди он, мисли тақсими инсон ба мусалмон ва ғайри мусалмон, як тақсими ба истилоҳ суноии ақлист, ки қисмати сеюм надорад. Масалан, агар мо гуфтем, инсон ё мусалмон аст ё ғайри мусулмон, ду тарафи ин тақсим дарбаргирандаи тамоми инсонҳо хоҳад буд. Як тараф шомили мусалмонон, тарафи дигар шомили ҳамаи касоне, ки мусалмон нестанд, ки дар истилоҳи фиқҳӣ ба онон кофир гуфта мешавад. Кофир ҳам ба навбати худ, тақсим мешавад ба кофири китобӣ ва кофири ғайри китобӣ, ва ҳар кадом аз ин ду боз тақсим мешавад ба кофири ҳарбӣ ва кофири ғайри ҳарбӣ. Ҳарбӣ яъне касе, ки бо мусалмонон ҷангу ҷидол дошта бошад.

Read more

Посух ба пурсише перомуни шаби қадр

Суол: Шаби қадр чӣ маъно дорад ва ин шаб дар як сол чанд бор меояд?

Ҷавоб: Тибқи фармудаи Қуръони Карим, шаби қадр шабе аст, ки дар он, Қуръони Карим нозил шудааст, ки он дар тамоми сол як шаб аст, ва ҳеҷ шабе ба хубӣ ва фазилати он намерасад, ва амал дар он, беҳтар аст аз амал дар ҳазор моҳ. Дар он шаб тақдири умури солона рақам мехӯрад ва малоикаву руҳ дар он шаб ба изни Худованд ба замин нозил мешаванд. Шаби қадр яке аз шабҳои моҳи мубораки Рамазон аст, ки бар асоси ривоёти исломӣ, яке аз шабҳои тоқи даҳаи охири ин моҳ мебошад; яъне ё 21, ё 23, ё 25, ё 27, ё 29. Беҳтар аст, ки дар тамоми шабҳои номбурда, бедор ва ба дуову ниёиш пардохт.

Read more

Сурае, ки дар сари қабр хонда мешавад

Суол: Дар сари қабр афзалтарин оятҳо барои хондан кадом аст? Дар хонаи ғамдор хондани кадом оятҳо беҳтар аст? Рё ҳадисе аз Пайғамбари Худо (с) омадааст?

Read more

Посух ба пурсише дар бораи дуо

Суол: Вақте мусалмонон ба хонае дароянд, нишаста даст бардошта дуо мекунад: баракати хонадон, мағфирати гунаҳҳои гузаштагони ин хонадон ва тинҷию амонӣ дар хонадон... Аз Шумо хоҳиш дорам, ки аз Пайғамбари Худо (с) ба мо чӣ ҳадисҳо оиди дуо ба ин ҳолат омадааст, чи дар хонае, ки мусибат дорад ва чи дар хонае, ки хурсандӣ дорад. Дуоҳоро ҳам ба лафзи арабӣ ва ҳам ба тоҷикӣ нависед. Ва ин чунин, пеш аз оне, ки хестани мешавед. Илтимос талаби моро рад накунед.

Ҷавоб: Дар ҷавоби суоли шумо лозим медонам аввал як масъаларо барои шумо рӯшан намоям, ва он ин ки дини ислом барои мо ду навъ дастур ва супориш дорад:

1−Дастури муайян ва мушаххас; яъне барои як кори муайян як дастури муайян медиҳад, ки ин навъ дастур бештар дар мавриди фароиз ва муҳаррамот мебошад; мисли намозҳои рӯзона, рӯза, закот, ҳаҷ ва ғайра. Ё парҳез аз муҳаррамот, ҳамчун дурӯғ, ғайбат, шурби хамр ва монанди он.

Read more

Ба хобҳои парешон набояд таваҷҷӯҳ кард

Савол:

Шахсе мегӯяд, ки ман то ҳадде, ки аз ислом хабар дорам, ҳам худам ва ҳам оилаам ба ин амал мекунем, аммо ман шабҳо хоб мебинам, ки худам ё занам ба зино даст задаем. Ин хоби ман бештар такрор меёбад. Сабаб дар чӣ бошад?

Read more

Тазаккур додан

Савол:

Саволе дода шуда буд, ки ҷавобашро ба таври қонеъ нагирифтам. Мақсад ин буд, ки шахсе намозро мехонаду ба дигар кас мегӯяд: Ту намозатро хону ба камбудиҳои дигарон корат набошад, пагоҳ худаш ҷавобашро медиҳад ва Худованд инро аз ту савол намекунад. Шахси дигар мегӯяд, модоме ки ман медонаму ӯро ислоҳ намекунам, ман низ гунаҳгорам, зеро модоме ки ман медонам, бояд ба ӯ гӯям. Суол дар ин аст, ки агар шахси дуюм ҳақ бошад, ки модоме медонад дигаронро ислоҳ кунад, ин ягон далели қуръонист ё ҳадис?

Read more

Оё Худованд аввал ҳайвонро офарида ё инсонро?

Савол:

Оё Худованд аввал ҳайвонро офарид ё инсонро?

Ҷавоб:

Таҳқиқот нишон медиҳад, ки зоҳиран Худованд ҳайвонро пеш аз инсон офарида, зеро зиндагии инсон вобаста ба ҳайвон аст, ҳамон гуна ки вобаста ба наботот ва ҳамаи табиат мебошад. Худованд мефармояд: “Ва барои шумо ҳар он чи дар осмонҳо ва замин аст ром сохт”, яъне дар хидмати шумо ва барои шумо офарид.

Read more

Агар имом қавма баҷо наёварад, оё саҷдаи саҳв бар ӯ лозим аст?

Савол:

Қавма дар намоз, ки яке аз воҷибот ба ҳисоб меояд, дар тарки қавма, ки аз имом содир шуд (яъне баъд аз рукӯъ ба саҷда рафт) ва ӯ саҷдаи саҳвро низ баҷо наовард, оё намоз фосид шуд?

Read more

Пурсише дар мавриди сатру ҳиҷоб

Савол:

Яке аз суолҳое, ки ба он ҷавоб ногуфта монд, дар масъалаи сатр, ниқоб ва ҳиҷоб аст, ки аз кадом миллат омада?

Ҷавоб:

Ислом ба занони мусалмон дастур медиҳад, ки зинати худро аз мардон бипӯшонед. Қуръон дар сураи Нур, ояти 31 мефармояд: “Ба занони мӯъмин бигӯ, ки дидгони хешро фурӯ гузоранд ва шармгоҳҳои худро (аз диди дигарон) нигоҳ доранд ва (ҷоҳои) оройиш ва зевари хешро ошкор накунанд магар он чи пайдост (монанди чеҳра ва даст ва рӯи по) ва мақнаъаҳошонро бар гиребонҳошон бияндозанд ва зевару оройиши худро ошкор накунанд магар барои шавҳаронашон ё падаронашон ё...

Бинобар ин, ислом дастур медиҳад, ки занони мӯъмин бояд худро бипӯшонанд ва ҳамчунин либоси танг напӯшанд, чун боз либоси танг зинати онҳоро барҷаста мекунад, аммо ин ки либоси онҳо чӣ гуна ва чӣ дӯхте дорад, ин муҳим нест, муҳим он аст, ки зинати онҳоро бипӯшонад. Бинобар ин, ҳар миллат бар асоси фарҳанги худаш пӯшиши исломии худро риоят намудааст.

Read more

Оё вуҷуби омӯхтани илм ва амал ба он дар Қуръон омадааст?

Савол:

Шахсе гуфт чунин оят ҳаст: Эй банда! Ман ба сари ту фарз гардондам омӯхтани илми исломро ва ба он амал кунӣ, ва дуюм, он чи ки омӯхтӣ, ба дигарон расонӣ. Оё чунин оят вуҷуд дорад? (агар ҳа, кадом сура ва оят)

Ҷавоб:

Чунин ояте ба ин мазмун вуҷуд надорад, гар чи оятҳои зиёди дигаре мӯъминонро бар омӯхтани илм ва амал бар он ташвиқ мекунад, монанди: “Худованд касонеро, ки имон овардаанд ва касонеро, ки дорои илм ҳастанд, чандин дараҷа боло мебарад...

Read more

Page 1 of 4

  • «
  •  Start 
  •  Prev 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  Next 
  •  End 
  • »