Кимиёи саодат

 
 
You are here:
 
 

Андеша

Роҳкорҳои амалии тақриб байни мазоҳиб

Доктор Абдулқаюми Саҷҷодӣ

Бо талхӣ бояд ёдовар шуд, ки дар байни ташайюъ ва тасаннун, пешгоми ҳаракатҳои манфӣ ва ғайри мантиқӣ, иддае аз муллоҳои бесавод ва ё камсаводе ҳастанд, ки ба содагӣ дар доми тарфандҳои сиёсатбозон қарор гирифта ва ба гумони хидмат ба мазҳаб, ба дини ислом хиёнат ва ҷафо мекунанд.

Тақриб байни мазоҳиб, ё худ ба ҳам наздик шудани мазҳабҳои мухталифи исломӣ, ормонест, ки бар мабнои ухувват ва бародарии динӣ ва уммати воҳидаи исломӣ устувор мебошад. Аз дер боз тақриб байни мазоҳиб ба унвони гоми муҳим ва амалӣ дар ростои таҳаққуқи айнии ваҳдати исломӣ ва бародарии динӣ, мавриди таваҷҷӯҳи олимони бузурги ҷаҳони ислом қарор доштааст.

Read more

Шайхи Ал-азҳар густариши фарҳанги такфир ва тоифагарӣ дар кишварҳои исломиро маҳкум кард

Шайхи Ал-азҳар густариши фарҳанги такфир ва тоифагарӣ дар кишварҳои исломиро ба шиддат маҳкум ва ваҳдати мусалмононро бузургтарин хатар барои душманони ислом унвон кард.

Ба гузориши хабаргузории Расо, Аҳмад ат-Тайиб, дар гуфтугӯ бо телевизиони расмии Миср, аз густариши фарҳанги такфир ва тоифагарӣ дар ҷомеаҳои исломӣ ба шиддат интиқод кард ва бо ишора ба маслаки ваҳҳобият гуфт: “Бархе аз гурӯҳҳои исломӣ барои ин ки мазҳаби худро ба ҳақ ҷилва диҳанд, иқдом ба такфири соири мазоҳиби исломӣ мекунанд”.

Read more

Вижаи рӯзи ҷаҳонии Қудс

Ба Худо савганд, хиҷолат дорад мо худамонро мусалмон бидонем!

Суханони Муртазо Мутаҳҳарӣ роҷеъ ба масъалаи Фаластин

Моҳияти набарди мо бо “Исроил”

Имом Хумайнӣ (раҳматуллоҳи алайҳи) ва миллати Фаластин

Холид ал-Батш: “Имом Хумайнӣ шахсияте буд, ки бар зарурати ваҳдати уммати исломӣ дар муқобила бо душманон таъкид дошт”

Гуноҳи ман танҳо ин аст, ки ҳозир нестам даст аз ватанам бардорам

Сайид Ҳасан Насруллоҳ: “Ҳеҷ кас ҳақ надорад аз як зарра аз хоки Фаластин сарфи назар кунад”

Аҳмадинажод: “Масъалаи Фаластин, як масъалаи башарӣ аст”

Эшони Маҳмудҷон Тӯраҷонзода: “Рӯзи Қудс, рӯзи тақвияти ҳамбастагии ҷаҳони ислом аст”

Мулло Зубайдуллоҳи Розиқ: “Қудс қиблаи дили мусалмонони ҷаҳон аст”

Зарафо Раҳмонӣ: “Рӯзи ҷаҳонии Қудс, нақши муҳимме дар таҳкими ваҳдат байни мусалмонони ҷаҳон дорад”

Ҳувайдо Ориф: “Рӯзи Қудс мутааллиқ ба ҳамаи мардуми адолатхоҳ ва озодаи дунёст”

Давлат Усмон: “Мавзӯи Қудс, мушкили тамоми мусалмонони ҷаҳон аст”

Аҳмадинажод: “Касе ҳақ надорад Фаластинро муомила кунад”

Пурсишҳои динӣ

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Баъзе пурсишҳо ва суолҳои динӣ воҷиб аст ва ҷавоб додан ба онҳо ҳам воҷиб аст, ва аммо баъзе аз суолҳо бо ин ки унвони динӣ дорад ҳаром аст, ҷавобгӯйӣ ва вақт талаф кардан барои ҷавобгӯйӣ ба онҳо низ ҳамин ҳукмро дорад. Вазифаи динӣ эҷоб мекунад сукут ва тарки суол ва таваҷҷӯҳ ба он масоилро.

Дар Қуръони Карим дар баъзе оятҳо ба таври сареҳ дастур медиҳад, ки чизҳоеро, ки намедонед, аз онҳо ки медонед бипурсед: “Аз доноён бипурсед агар намедонед”. (Наҳл/43).

Read more

Оё касе ҳақ надорад ба номи Худо ҳукумат кунад?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Вазифаи як нафар коршиноси исломӣ; ҳамон касе ки дар урфи мо ба унвони “муфтӣ”, “қозӣ” ва ё “мулло” ё “домулло” шинохта мешавад, ин аст, ки маорифи исломиро, ба ҳамон сурате ки дар манобеи диниямон (яъне Қуръону суннат) ворид шудаанд, бозгӯ намояд, бе ҳеҷ каму кост, ва ё дахолат додани назар ва дидгоҳи шахсияш, ва албатта қобили ёдоварӣ бошад, ки коршинос, агар худ муҷтаҳид ва соҳибназар дар масоили динӣ нест, бояд дар ин замина (яъне дар баёни маорифи исломӣ) пойбанд ба дидгоҳу назари муҷтаҳидон ва соҳибназарони исломӣ; он ҳам дидгоҳи машҳури онон, бошад.

Ин аз як тараф, ва аз тарафи дигар, ҳар гоҳ коршинос (мулло, домулло ва ё муфтӣ) бибинад, ки ҷиҳате ва ё касе, яке аз маориф ва ё масоили исломиро нодуруст баён медорад, бояд сукут накунад, вазифааш ин аст, ки ӯро ба иштибоҳаш воқиф созад, ҳарчанд он ҷиҳат ва ё кас, аз наздикон ё дӯстони самимӣ ва ё касе бошад, ки ҳар ду аз назари сиёсӣ дар як хат қарор доранд. Вагарна, сукути ӯ навъе хиёнат ба ислом маҳсуб мегардад. Албатта, чи басо он ҷиҳат ва ё касе, ки масъалаи мавриди назарро нодуруст баён доштааст, қасдан чунин накарда бошад, балки шояд иллаташ адами огоҳии ӯст, ки дар ин сурат, тазаккур ва ёдоварии коршинос ӯро ба иштибоҳаш, чи басо (ва ё қатъан) мояи хушҳолии вай хоҳад буд.

Read more

Ҳақиқати исро ва меъроҷи Расули Акрам (с)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар канори даҳҳо мӯъҷизаҳое, ки аз ҳазрати Паёмбари Акрам (с) нақл шудааст, яке аз онҳо, меъроҷи он ҷаноб (с) мебошад. Дар ин ҳодиса, ибтидо ҷанобаш (с)-ро шабона аз Масҷидул-ҳаром то Масҷидул-ақсо сайр медиҳанд, ва пас аз он, ба осмони ҳафтум ва то ҷое ки касе ҷуз Худованди Мутаол ҳузур надорад боло мебаранд. Тибқи ривоёти исломӣ, тамоми ин моҷаро, дар бедории он ҳазрат (с) буда, ва бино бар назари аксари уламо, бо ҳамин бадани ҷисмонӣ иттифоқ афтода, на дар хоб ё бо руҳ.

Ин ҳодиса, ҳамсони соири мӯъҷизаҳое, ки дар Қуръони Карим нақл шудааст, мавриди инкори бархе аз кӯтаҳандешон қарор гирифта; ҳамон касоне ки мехоҳанд вуқӯи ҳар ҳодиса ва рухдодеро фақат дар чорчӯба ва маҳдудаи қавонини ҳоким бар олами модда ва моддиёт тафсир карда ва ҳар он чиро ки маҳкум ба ин қавонин нест, “афсона” қаламдод намоянд.

Read more

Гоме ба сӯи таъсиси Иттиҳоди кишварҳои форсизабон

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Яке аз тафовутҳои умдае, ки ҷаҳони имрӯз бо ҷаҳони дирӯз дорад ин аст, ки имрӯза, ва аз ин ба баъд, барои кишварҳои кучак, дигар ҷойгоҳе дар ин гетӣ вуҷуд нахоҳад дошт ҷуз ин ки аз тамомии ҷиҳот мустаҳлик (истифодабаранда) қарор гиранд, ва ҳарфи аввалу охир азони абарқудратҳо, ва ба иборати дигар, азони қутбҳои нерӯманд хоҳад буд.

Коршиносон бар ин боваранд, ки чанд сабоҳи дигар, ҷаҳон тавассути се қутб: Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва Чин идора гардида ва ҳатто барои кишварҳое чун Русияву Жопон низ ҷойгоҳе ба он сурат вуҷуд нахоҳад дошт. Ҳатто мӯътақиданд, ин се қутб даст рӯи дасти ҳам гузошта, аз ин пас талош хоҳанд кард то дигар қутбе нерӯманд дар ҷаҳон падид наояд.

Read more

Замонавӣ будан ва ё замонавӣ шудан ба чӣ маъност?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Роқими сутур дар ин навиштор бар он аст то ба посухи ин ду пурсиш бипардозад: яке ин ки: “Замонавӣ будан ва ё замонавӣ шудан ба чӣ маъност?” Ва дигар он ки: “Оё ҳар он чи ба унвони “замонавӣ” матраҳ мешавад, қобили қабул аст ё нест?”

Пеш аз посух ба ин ду пурсиш лозим аст ёдоварӣ гардад, ки вожаи “замонавӣ” ғолибан дар ду арса матраҳ мешавад: яке дар маҷоли пешрафтҳои текноложӣ ва дигар дар заминаи фарҳанг ва зиндагии иҷтимоӣ. Замонавӣ будан ва ё шудан дар маҷоли нахуст, ба ин маъност, ки мо ҳар чи беҳтару бештар зиндагии хешро бо ҷадидтарин дастовардҳои текноложӣ ҳамоҳанг созем. Ин ҳам ба ин аст, ки ё худамон дар ин маҷол пешоҳанг бошем; яъне худи мо, пеш аз дигарон, бо талошу кӯшини бевақфа, даст ба ихтироъ ёзем ва он гоҳ бигузор дигарон ҳам аз дастовардҳои мо баҳра гиранд, ва ё ин ки агар худамон пешоҳанг набудем, дар ин сурат, аз ҳар он чи дигарон дар ин арса ба армуғон овардаанд, ба некӯтарин сурат баҳра гирем. Агар худамон натавонистем худрав ё ҳавопаймо ё роёна (компютер) ва аз ин қабил ашё ихтироъ кунем, бояд аз дастовардҳои дигарон дар ин маҷол истифода намоем ва ақиб наяфтем.

Read more

Оромиши пойдор ва воқеӣ куҷост?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Инсон мехоҳад оромиш ёбад; оромиши дарунӣ. Ҳеҷ инсоне дар ин амр мустасно нест, ҳамагон ба думболи оромиши равонӣ ва дарунӣ ҳастанд. Асосан, дастгоҳи офариниш ӯро чунин офарида, зеро оромиш пайдо кардан, бо саодати инсон гиреҳ хӯрда.

Агар кӯдаконро мебинем, ки дӯст доранд бозӣ кунанд ва хештанро саргарм намоянд, барои ин аст, ки дар бозӣ оромиш меёбанд. Агар ҷавононро мебинем, ки саргарми гӯш супурдан ба анвои мусиқӣ ҳастанд, барои он аст, ки фикр мекунанд оромиши худро дар он пайдо мекунанд. Агар мебинем бархе миёнсолон ҳамму ғамми хештанро равонаи расидан ба як мақому мансабе кардаанд, барои ин аст, ки меангоранд бо ноил гардидан ба мақом ё мансабе, оромиши дарунӣ ва равонӣ меёбанд...

Read more

Роҳи халосӣ аз “ҷоҳилияте”, ки моро фаро гирифта

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Андак нигоҳ ба ҳоли ҷомеаи худ ва ҳамсоягонамон кофист то парда аз рӯйи ин ҳақиқат бардорад, ки фазои ҳоким бар моён, дақиқан ҳамон фазоеро монад, ки рӯзгороне бар ҷавомеи ҷоҳилии пеш аз ислом ҳукмфармо буд; вазъи асафборе, ки ойини рӯшноибахши ислом мардумони он замонро аз он ҳолати ҳалокатбор раҳоӣ бахшид.

Пеш аз зуҳури ислом, дар нимҷазираи Арабистон, поя ва асоси иҷтимои арабро қабила, ва низоми сиёсӣ-иҷтимоии ононро низоми қабилавӣ ташкил медод, ва ин низом дар тамоми шуъун ва ҷанбаҳои зиндагии онон мунъакис буд. Дар ин низом, ҳувияти афрод танҳо бо интисоб ба яке аз қабилаҳо мушаххас мешуд. Бофти зиндагии қабилавӣ на танҳо дар миёни саҳронишинон, балки дар шаҳрҳо низ ба хубӣ намоён буд.

Аҳмад Амин дар ин бора мегӯяд, “Дар миёни араби он рӯзгор «миллият» ва «қавмият», бар асоси мавзӯоте монанди ваҳдати дин ё забон ё таърих маъно ва мафҳум надошт. Қабила иборат аз маҷмӯи чанд хонаводаи хешованд буд ва пайванде, ки афроди онро ба якдигар муртабит месохт ва байни онон ҳамбастагӣ эҷод мекард, пайванди хешовандӣ, ваҳдати нажодӣ ва насаб буд, зеро мардуми як қабила хештанро аз як хун мешумурданд”.[1]

Ойини мубини ислом, бо низоми қабилавӣ ба шиддат мубориза карда, онро аз байн бурд ва ба нажоду насаб, ки асоси низоми қабилавӣ буд, баҳое надод ва ҷомеаи навбунёди исломиро бар асоси «ваҳдати ақида» ва «имон», ки нерӯмандтарин пайванди иҷтимоист, устувор сохт, ва бад-ин тартиб «имони муштарак»-ро ҷойгузини «хуни муштарак» сохт ва ҳамаи мӯъминонро бо ҳам бародар эълом кард:

Read more

Page 1 of 16

  • «
  •  Start 
  •  Prev 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  Next 
  •  End 
  • »