Кимиёи саодат

 
 
You are here:
 
 

Улуми исломӣ

Марги ғурури Мавлоно

Мусоҳибаи Фирдавси Аъзам бо Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад

Мавлоно Ҷалолидини Балхи  солҳо ва карнҳост, ки бо осору ашъори ноб, ирфони ва  иҷтимоии хеш ва бо диду пиндори ҷаҳонии хеш таваҷҷуҳи одамони дорои мазҳабу кеш, миллият ва нажоди мухталифро ба суи хеш мехонад.

Яке аз вижагиҳову хусусиятҳои шеъри у, андешаи у, пиндору гуфтору рафтори у  ин албатта бидуни тардид тааллуқият ба ҳама инсонҳост, новобаста аз сину сол ва новобаста аз адёну мазоҳиби дини. Осори  у лаҳза ба лаҳза ба таври такрор ба бозор меоянд ва мардумони дорои гуногунзаминаро ба самти худ мекашанд. Рости Мавлоноро чи чиз ё худ ки муҷиб гашта ба чунин як шахсияти ормони табдил ёбад? Шамси Табрези ки буд, ки инчунин Мавлоноро ошуфтаву шурида гардонда буд? Оё суфи кисту зоҳид кист?

Read more

Оинаи таҷаллии ишқ (ошноӣ бо «Девон»-и Имом Хумайнӣ)

Низомиддин Муродӣ, номзади илмҳои филологӣ

Мусоҳиби бузургон будан илмро сарчашмаи зоянда ва ҳилмро давлати поянда аст, ки файзи он мояи саодати ҷовидонист. Аммо, ин баракот бештар касеро муяссар мешавад, ки воқеан мусоҳиб аст; мусоҳиби фикру андеша, оламу ҳаяҷон, вуҷуду ҳастии онон. Ин чӣ гуна сӯҳбат аст, ки шахсро муваффақ мекунад дар як он ба дарёи раҳмат ғутавар бошад ва ғаввосу муҳаққиқи дурдонаҳои олами пинҳонӣ гардад. Он кадом мусоҳиб аст, ки сӯҳбаташро чунин таъсиру иғроқ фарогир аст?!

Бешак, сӯҳбатест, ки бузургону донишмандону суханварон бо муштоқону муштариёни хеш тавассути КИТОБ ҳарф мезананд. Аз ин ҷост, ки ҳар хонандаро чунин бахти безавол насиб буданаш мумкин аст, чунончи гӯяндаи ин сатрҳоро:муддате чанд «Девон»-и Имом Хумайнӣ (р) дар даст доштам, чунон маро бар худ шефта кард, натавонистам, ки бигзoрам.

Read more

Иқбол ва файласуфони ғарбӣ

Бархе аз мунтақидони осори Иқбол, саъй намудаанд то ӯро сирфан таъсирпазир аз фалсафаи ғарб дониста, чунин илқо намоянд, ки гӯйи Аллома Иқболи Лоҳурӣ, коре ҷуз тақлид аз андешаҳои фалосифаи ғарбӣ анҷом надодааст, ҳол он ки чунин тасаввуре, бо таваҷҷӯҳ ба пояҳои андешаҳои фалсафии Иқбол, ба шиддат номунсифона аст. 

Аллома Иқболи Лоҳурӣ, бе шак яке аз поярезони бозсозии андешаи динӣ дар дунёи ислом ва аз фалосифаи барҷастаи олам ба шумор меравад. Ӯ аз фалосифаи авоили қарни бистум маҳсуб мегардад, ки бархе, андешаҳои фалсафии вайро мулҳам аз орои файласуфони ғарбӣ, ба хусус Фихте, Шопенҳаур, Ницше, Бергсон, Уильям Ҷемс ва Мак-Таггарт донистаанд, вале чунин назаре ба ақидаи бисёре аз иқболшиносон сиҳҳат надорад.

Read more

Чун шиносад андак ӯ мункир шавад... (2)

Мулоҳазоте чанд бар мақолаи “Мавлоно файласуф нест” (қисмати дуюм)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ин ислом аст, ки барангезандаи инсон ба сӯйи ковишҳои фалсафӣ мебошад

Иллати ин ки дониши фалсафа дар ҷаҳони ислом рушду густариш ёфт, танҳо ин набуд, ки касоне дар сарзамини исломӣ, ба гунаи истисно, бархостанд ва ба ин масоил пардохтанд. Ҳаргиз чунин нест, ва ҳар кӣ чунин бияндешад, бас иштибоҳ карда аст.

Балки иллати асосӣ, дар худи матни таълимоти исломӣ нуҳуфта аст. Яъне ин ислом буд, ки дар дараҷаи аввал, мусалмононро ба тафаккур бармеангехт.

Read more

Чун шиносад андак ӯ мункир шавад...

Мулоҳазоте чанд бар мақолаи “Мавлоно файласуф нест” (қисмати аввал)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ахиран, дар сомонаи Ҷомеа, ба мақолае бархӯрдам таҳти унвони “Мавлоно файласуф нест” ба қалами доктор Муҳаммадалии Меҳросо, ки зоҳиран асли мақола ба форсӣ буда ва шахсе ба номи Дидавари Хушдил ҳам онро ба кириллӣ баргардон намуда аст. Ин “доктор” муддаист Мавлоно, на ин ки танҳо фазоиле надошта, балки “фарде хурофотӣ, шақиюлқалб, кофирситез” буда аст.

Камина, бо нигоҳ ба унвони мақола, дар оғоз фикр кардам, касе ки як чунин иддаое бузург менамояд, ҳатман далел бар муддаои худ дорад, аммо бо мутолеаи мақола, бароям рӯшан шуд, ки тараф иддаое бузургтар аз ҳаҷми хеш мекунад. Зеро, дар ҳеҷ ҷое аз навиштаҳояш ақаллан ба як далелаке барнахӯрдам, ки собит кунад Мавлоно файласуф набуда аст, ба ҷуз иддаопароканӣ ва бадгӯйӣ нисбат ба ин шахсияти ҷаҳонӣ.

Read more

Мавлавӣ ва масъалаи фаҳм (7)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Баҳси мо дар мавонеи фаҳм буд. Яке дигар мавонеи фаҳм, Васвасаҳо ва хаёлоти одамӣ аст.[1] Дар достони мувоҷеҳаи ҳазрати Мӯсо (а) бо фарди гӯсолапараст чунин мегӯяд:

Read more

Мавлавӣ ва масъалаи фаҳм (6)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

8. Ҳадафгириҳо: яке дигар аносури таъсиргузор дар фаҳм ва дар натиҷа омили ихтилофи дидгоҳҳо, ҳадафгириҳои мост.[1] Инсоне, ки ҳадафгирии саҳеҳ надорад, қувои идрокии худро дар умури беҳуда ба кор мегирад. Чи басо аҳли донише, ки ба ҷои ҳалли мушкилот, худро саргарми умури беҳуда ва пуч созад. Ин ҳам фақат барои худнамойӣ ва ибрози вуҷуд.

Read more

Мавлавӣ ва масъалаи фаҳм (5)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Баҳси мо перомуни аносури фаҳм аз дидгоҳи Мавлоно буд ва дар мақолаи пешин ба чаҳор унсур ишора кардем. Инак, дар идомаи ҳамон мабҳас, аносури дигареро мавриди баҳс қарор медиҳем.[1]

5. Сафои дарун: Агар даруни инсон монанди ойина соф шавад, ҳақоиқи бисёре насиби вай хоҳад шуд.

Ойинай ту ҷаст берун аз ғилоф,

Ойина-в мизон куҷо гӯяд хилоф?

Рушди шахсият, заминасози дарки ҳақоиқи олӣ аст. Агар зангорҳои дарунӣ яъне тамойулоти ҳайвонӣ канор зада шавад ва ойинаи дил пок шавад, одамӣ ҳақоиқи бисёреро идрок хоҳад кард. Бо канор рафтани зангорҳои тамойулоти ҳайвонӣ, одамӣ ҳам нақшро мебинад ва ҳам наққошро.

Read more

Мавлавӣ ва масъалаи фаҳм (4)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Абзори дил[1] 

Яке дигар аз абзорҳои муҳимми ҳусули маърифат, дили одамист. Сафои дил мӯҷиб мешавад то чашми дили инсон ба рӯйи ҳақоиқ гушуда шавад. Дар ин мақом, одамӣ дигар ба улуме, ки ба тавотур аз дигарон расида қонеъ намешавад.

Read more

Мавлавӣ ва масъалаи фаҳм (3)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ақл, василае дигар барои дарки ҳақоиқ[1] 

Яке дигар аз абзорҳои фаҳм ва маърифати инсон, ақл аст. Ақл дарёи бекарон аст. Бо шино дар ин дарёи паҳновар метавон ба азамати он пай бурд.

Read more

Page 1 of 5

  • «
  •  Start 
  •  Prev 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  Next 
  •  End 
  • »