Кимиёи саодат

 
 
You are here:
 
 

Мазоҳиб

Выход из суфистско-ваххабистского противостояния

Абдульмумин Гаджиев

Всевышний Аллах сказал: "Крепко держитесь за вервь Аллаха все вместе и не разделяйтесь" (Семейство Имрана,103). Посланник Аллаха (мир ему) сказал: "Поистине, в своих взаимоотношениях верующие подобны единому строению, отдельные части которого укрепляют друг друга".

Позади почти двадцать лет исламского просвещения в России. Нельзя сказать, что на пути искоренения разногласий между ваххабитами и суфиями, мы добились каких–то впечатляющих результатов. Окружающее общество привыкло видеть нас в состоянии постоянной вражды друг с другом. И ему не остаётся ничего другого, кроме как вопрошать: что вы хотите нам предложить, если не можете наладить отношения даже между собой? Волей–неволей ему приходится воспринимать ислам лишь как наши бесконечные разборки.

Read more

Афсонаи Абдуллоҳ ибни Сабо (3)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Абдуллоҳ ибни Сабо алоқае ба мазҳаби шиа надорад

Гузашта аз хадшадор будани санади ин достон, ки гӯи муассиси мазҳаби шиа Абдуллоҳ ибни Сабо буда аст, ҳол, агар аз санад ҳам чашмпӯшӣ кунем, далолати ривояти номбурда низ мавриди пазириш нест. Зеро, аҳодиси саҳеҳе дар манобеи мӯътабари аҳли суннат ва ҷамоат вуҷуд дорад, ки пайдоиши мазҳаби шиаро дар ҳамон оғози рисолат қаламдод мекунад. Ва аз сӯйи дигар, дар манобеи ривоии шиаён, ривоёти саҳеҳе (албатта саҳеҳ аз дидгоҳи худашон) вуҷуд дорад, ки мегӯяд, Абдуллоҳ ибни Сабо поягузори фирқаи Сабаия буда ва ба шиддат мавриди лаъну нафрини имомони шиа қарор гирифта аст.

Ҳол, дар ибтидо, назаре ба ривоёти аҳли суннат ва ҷамоат дар бораи шиаёни Алӣ афканда, сипас, роҷеъ ба дидгоҳи худи шиаён нисбат ба Абдуллоҳ ибни Сабо ва фирқаи Сабаия баҳс хоҳем намуд.

Read more

Афсонаи Абдуллоҳ ибни Сабо (2)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Нигоҳе ба асли достон

Абдуллоҳ ибни Сабо, чеҳрае аст, ки дар китобҳои таърихӣ ба шаклҳои гуногун ба тасвир кашида шуда аст: ӯро шахсе ки мардумро даъват ба илҳоду ширк намуда ва аз афкору ақоиди яҳудият дифоъ мекарда аст, ё шахсе ки маншаи интишори афкори ботил дар миёни ҷомеаи исломӣ ва ба гумроҳӣ кашондани зиёде аз мусалмонони садри ислом буда аст муаррифӣ намудаанд. Ӯро омили фитна ва аввалин муҳаррик дар шӯриш бар зидди ҳазрати Усмон (р), дар поёнҳои даврони хилофати он ҷаноб муаррифӣ кардаанд, ки мунҷар ба қатли халифа шуда, ва баъд аз он, тамоми ҷангҳо ва фитнаҳоро ба ӯ нисбат додаанд, ки сабаби кушта шудани ҳазорон нафар аз саҳоба ва тобеин шуда.

Аз тарафи дигар, бархе аз ақоиди шиаёнро ба ӯ нисбат додаанд ва дар ҳақиқат ӯро ба унвони муассиси мазҳаби шиа муаррифӣ кардаанд.

Read more

Афсонаи Абдуллоҳ ибни Сабо

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ба ҷои муқаддима

Мутаассифона, таомули пайравони адён бо якдигар, ва ё ҳатто мазоҳиби мухталиф дар дохили як дин, аз куҳан ва то ба имрӯз, бар асоси навъе “ҷанг” устувор аст то “гуфтугӯи созанда”. Талоши ҳар яке, ин аст, ки то метавонад, мухолифи хеш дар андешаро бикӯбад ва аз саҳна берун ронад, то худ яккатози майдони андеша гардад.

Ва ин, мебинем, дуруст бар хилофи дастуротест, ки кутуб ва манобеи адён ба сӯйи он мехонанд. Масалан, Қуръони карим, китоби осмонии мусалмонон, таомули гаравандагон ба ойини ислом бо аҳли китоб яъне яҳуду насоро-ро, бар асоси гуфтугӯ қарор медиҳад; гуфтугӯе, ки меҳвар ва асоси он, андешаҳои муштарак миёни мусалмонон ва аҳли китоб аст. Хитоб ба паёмбари гиромии ислом (с) мефармояд: “Бигӯ (ба ин яҳуду насоро, ки) эй аҳли китоб! Биёед ба сӯйи сухане (гаройем), ки миёни мову шумо яксон аст: ин ки ҷуз Худои якторо напарастем ва чизеро бо ӯ шарик насозем, ва бархе аз мо бархе дигарро ба ҷои Худои якто ба худойӣ нагирад...” (Оли Имрон/64).

Read more

Имом Мотуридӣ ва мотуридия (7)

Мирзо Ҳалимов, коршиноси аршади риштаи таърихи ислом 

Муҳимтарин усул ва мабонии каломии Абӯмансури Мотуридӣ (3)

з) Қазо ва қадар

Яке дигар аз мабоҳиси мутафарреъ бар афъоли илоҳӣ, масъалаи нисбати қазо ва қадар бо афъоли одамӣ аст. Ҳол, ба ихтисор дидгоҳи мотуридиёнро дар ин бора низ матраҳ месозем.

Пурсиши асли ин аст, оё тааллуқи қазо ва қадари илоҳӣ ба афъоли иродии инсон боис намешавад, ки ӯ маҷбур ба анҷоми феъл шавад? Дар ғайри ин сурат мумкин аст кори ӯ бар хилофи қазою қадар ва илми илоҳӣ бошад ва тахаллуф аз ин умур низ маҳол аст.

Пеш аз посух ба ин савол, лозим аст мавзеи мотуридиёнро дар боби мафҳуми қазо ва қадар рӯшан созем ва сипас бубинем, ки мавзеи мотуридиён дар боби иродаи озод ва ихтиёри инсон чӣ гуна бо ин умур созгорӣ дорад.

Read more

Имом Мотуридӣ ва мотуридия (6)

Мирзо Ҳалимов, коршиноси аршади риштаи таърихи ислом

Муҳимтарин усул ва мабонии каломии Абӯмансури Мотуридӣ (2)

г) Ҳусн ва қубҳи зотӣ ва ақлӣ

Масъалаи ҳусн ва қубҳи зотӣ ва ақлии афъол, дар масоили каломӣ пешинае дерин дошта, аз ҷумлаи масоили муҳимму бунёдини калом аст, ки пазириш ё радди он, бар дигар мавозеи каломӣ таъсири басазо дорад. Аз ин рӯ, ибтидо бояд манзур аз ҳусну қубҳи ақлӣ мушаххас гардад ва сипас ба мавзеи мотуридиён дар ин замина бипардозем.

Ҳусн дар луғат ба маънои зебоӣ, некӯӣ ва хилофи зиштӣ омада аст, ва қубҳ дар луғат ба маънои зиштӣ ва хилофи ҳусн аст

Ва аммо дар истилоҳ: дар манобеи каломӣ ва ғайри каломӣ, ҳусну қубҳ ба се маъно матраҳ шудааст:

Read more

Имом Мотуридӣ ва мотуридия (5)

Мирзо Ҳалимов, коршиноси аршади риштаи таърихи ислом

Муҳимтарин усул ва мабонии каломии Абӯмансури Мотуридӣ (1)

а) Лузуми худошиносӣ

Аз манзари фирқаҳои исломӣ, шинохти Худованд амри лозим ва воҷибе аст. Аммо бояд пурсид, худошиносӣ чӣ лузуме дорад? Ба иборати дигар, мутафаккирони исломӣ, бар сари ин ки маърифат ва шинохти Худо, воҷиби ақлӣ аст ё шаръӣ, ихтилофи назар доранд.

Мактабҳои ақлгарое ҳамчун мӯътазила ва имомия бар ин боваранд, ки маърифати Худо воҷиби ақлӣ аст ва пеш аз ин ки шариате дар кор бошад, ақл инсонро вомедорад то дар аҳволи худ ва ҷаҳони атрофаш тааммул кунад ва ба вуҷуди холиқи ҳастӣ пай бубарад.

Аммо гурӯҳҳое ҳамчун аҳли ҳадис ва ашоира, бар онанд, ки лузуми маърифати Худо фақат аз роҳи шариат фаҳм мешавад ва бидуни шариат чизе бар одамӣ воҷиб нест.

Read more

Имом Мотуридӣ ва мотуридия (4)

Мирзо Ҳалимов, коршиноси аршади риштаи таърихи ислом

Ҷойгоҳи илмии Абӯмансури Мотуридӣ

Осори Абӯмансур худ гувоҳи онанд, ки вай зеҳни наққоду истеъдоди саршоре доштааст. Ӯ бо умри тӯлониву тавони ақлии хеш дар бисёре аз улум ширкати томм дошта ва осори вай нишондиҳандаи табаҳҳури ӯ дар ин улум ҳастанд. Ӯ дар улуме ҳамчун фиқҳ, усули фиқҳ, тафсир, калом ва фирақу мазоҳиб соҳибандеша буд ва дар ҷой-ҷои китоби Аттавҳид ва ба хусус Таълифоти Аҳли Суннат ва низ дар феҳрести осори ғайри мавҷуди ӯ, шавоҳиди муҳкаме бар ин муддао метавон ёфт.

Аммо бо ин ҳол тахассуси аслии Мотуридӣ илми калом аст. Ба гунае ки ҳатто тафсираш ранги каломӣ дорад ва дар ҳақиқат тафсири каломӣ аст. Ӯ дар калом ба ҷое расид, ки тавонист мактаби каломии муҳимме поягузорӣ кунад ва гурӯҳи васее аз андешамандони ҷаҳони аҳли суннатро беш аз ҳазор сол таҳти таъсири худ қарор диҳад.

Read more

Имом Мотуридӣ ва мотуридия (3)

Мирзо Ҳалимов, коршиноси аршади риштаи таърихи ислом

Таълифоти Абӯмансури Мотуридӣ

Абӯмансури Мотуридӣ дар улуми мухталифи динӣ табаҳҳур дошт, гар чи шӯҳраташ дар илми калом бештар буд ва дар ин ришта поягузори мактаби каломии ҷадид шудааст. Бо он ки табаҳҳураш дар бештари риштаҳои динӣ ва илмӣ мавриди таъйиди уламо ва соҳибони назар буд, аз ҷумла дар фиқҳу тафсир, аз ин рӯ, дар заминаҳои мухталифи илмӣ даст ба таълиф задааст.

Дар ин бахш, таълифоти Абӯмансурро табақабандӣ карда ва бар тибқи мавзӯъ ҳар якро зикру баён хоҳем кард. Таълифоти Мотуридӣ дар панҷ бахши тафсир, калом, усул, фиқҳ, ахлоқ ва раддия нигошта шудаанд.

Read more

Имом Мотуридӣ ва мотуридия (2)

Мирзо Ҳалимов, коршиноси аршади риштаи таърихи ислом

Асотиди Абӯмансури Мотуридӣ

Масодире, ки дар бораи шарҳи ҳоли Абӯмансури Мотуридӣ сухан гуфтаанд чизи зиёде дар бораи зиндагонияш нанавиштаанд, балки тамомии онҳо ба сурати гузаро ба он пардохтаанд. Масалан, дақиқан зикр накардаанд, ки Абӯмансури Мотуридӣ чӣ гуна парвариш ёфт, чӣ гуна таълими улум кард ва аз чӣ касоне касби илм намуд, барои касби илм ба кадом шаҳрҳо сафар кард... балки ба андаке иктифо кардаанд.

Ҳамчунин, дар бораи асотид ва шуюхи Абӯмансури Мотуридӣ муфассал сухан нагуфтаанд. Аз асотиди Абӯмансури Мотуридӣ фақат чанд нафарро зикр кардаанд ва касоне ки ба унвони асотиди Абӯмансури Мотуридӣ зикр шудаанд, чизи чандоне аз худи онҳо дар кутуби тароҷим нигошта нашудааст.

Дар маҷмӯъ, бо истифода аз масодири мухталиф, афроди зайлро метавон аз асотиди Абӯмансури Мотуридӣ баршумруд:

Read more

Page 1 of 2

  • «
  •  Start 
  •  Prev 
  •  1 
  •  2 
  •  Next 
  •  End 
  • »