Кимиёи саодат

 
 
You are here:
 
 

Таърих ва сира

Озодае, ки ҳамин шабу рӯзҳо ҷоми шаҳодат нӯшид

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ҳоким дар Мустадраки худ бо санади саҳеҳ ривоят мекунад, ки рӯзе ҳазрати Паёмбар (с) хитоб ба Алӣ (к) фармуд: "Баъд аз ман, ин уммат ба ту хиёнат хоҳанд кард, ва ин дар ҳолест, ки ту бар дину ойини ман зиндагӣ ба сар дорӣ, ва (бидон, ки) ту бар равишу сираи ман кушта хоҳӣ шуд. Ҳар кӣ туро дӯст дорад, маро дӯст доштааст, ва ҳар кӣ бо ту душманӣ кунад, бо ман душманӣ кардааст. Бидон, ки ба зудӣ риши ту бо хуни сарат рангин мегардад”,[1] яъне ба зудӣ ҷоми шаҳодат хоҳӣ нӯшид.

Дар ривояте дигар омадааст, ки Паёмбари гиромӣ (с) Алӣ (к)-ро мухотаб қарор дода, фармуд: эй Алӣ! Оё медонӣ бадбахттарини пешиниён чӣ касест? Алӣ (к) посух дод: кушандаи ноқа (шутур)-и Самуд. Ҳазрат (с) фармуд: дуруст гуфтӣ. Боз фармуданд: медонӣ бадбахттарин кас аз ояндагон чӣ касест? Алӣ (к) гуфт: намедонам. Паёмбари гиромии ислом (с) фармуд: Бидон, ки бадбахттарин шахс ҳамон касест, ки туро мекушад ва ба шаҳодат мерасонад”.[2]

Read more

Паёмбари сулҳу раҳмат

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар як нигоҳи куллӣ, дар Қуръони карим, паёмбари хотам ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) бо авсофе инчунинӣ васф шудааст:

وَمَا أَرْسَلْنَاكَ إِلَّا رَحْمَةً لِّلْعَالَمِينَ

Ва мо туро нафиристодем магар раҳмате барои ҷаҳониён. (Анбиё: 107).

وَإِنَّكَ لَعَلى خُلُقٍ عَظِيمٍ

Ва ҳар ойина ту бар хулқе бузург ҳастӣ. (Қалам: 4).

فَبِمَا رَحْمَةٍ مِّنَ اللّهِ لِنتَ لَهُمْ وَلَوْ كُنتَ فَظًّا غَلِيظَ الْقَلْبِ لاَنفَضُّواْ مِنْ حَوْلِكَ

Ба меҳру бахшоише аз Худост, ки барои эшон нарм шудӣ, ва агар дуруштхӯи сахтдил будӣ, аз гирди ту пароканда мешуданд. (Оли Имрон: 159).

Пас, Қуръони азимушшаъни ислом он бузургворро раҳмате барои ҳамаи бандагон ва дорои хулқу ахлоқи азим ёд карда ва ин ки агар гурӯҳе гирди ту ҷамъ омадаанд, ба хотири сухани нарму мулойими туст, ва агар ғайр аз ин буд, аз ту гурезон мешуданд.

Read more

По случаю годовщины дня рождения великого Пророка (ДБАР)

Настал новый день, настала новая эпоха. Горизонт озарился лучезарным светом. Люди показывали друг другу лучи света, тянувшихся из дома Амины ввысь, в небеса. Рождения Мухаммада (ДБАР) сопровождалось появлением чуда. Были разрушены стены гнета и невежества. С рождением Мухаммада даже самые отчаявшиеся и обездоленные люди почувствовали в своих сердцах рождение надежды, рождение весны.

Его имя Мухаммад – т.е. заслуживающий хвалу. Он – последний божий посланник. Он – посланник, который хранит в своем сердце все секреты мира. Он наставляет на истинный путь все заблудшие души. Всевышний, который избрал Мухаммада в качестве своего посланника, повелевает:

Из вас самих пришел посланник к вам.

Его тревожит то, что вы грешите.

Он ревнует о вас,

А к верным — милосерд и добр!

(сура "Покаяние", аят 128)

Read more

Сверкнула звезда и осветила наш мир

Сегодня повеяло жизнетворным, ласкающим душу ветерком, и драгоценная сущность человека окрасилась величием Пророка ислама (да благословит Аллах его и его семейство). Поздравляем всех мусульман с этой незабываемой датой. Главным плодом жизни последнего Пророка (да благословит Аллах его и его семейство) стал молодой саженец исламского учения, преобразивший все человеческое сообщество. Он дал людям испить вкуснейший напиток доброты и любви к Богу, от чего их души вознеслись на небесные высоты. Поэтому его светлость Мухаммад (да благословит Аллах его и его семейство) подобно немеркнущей звезде продолжает и по сей день, во веки веков, освещать жизненый путь человека.

В этот день, более 14 столетий назад, в городе Мекке вспыхнула новая звезда. За шесть веков до того момента его светлость Иисус (мир ему), великий пророк божий, предвещал пришествие пророка, чье имя Ахмад, приход которого направит всех людей на верный путь, ибо говорить он будет не от себя, а от услышанного им Бога, который предскажет человеку будущее и прославить имя Иисуса.

Read more

Дидгоҳи баъзе аз уламои исломӣ роҷеъ ба ҷашни мавлуд

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ба муносибати вилодати паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с)

Ҳофиз Ҷалолуддини Суютӣ

Ҳофиз Ҷалолуддини Суютӣ, ки бузургӣ ва азамати ин олими вораста барои касе пӯшида нест, рисолае дорад ба унвони Ҳуснул-мақсад фи амалил-мавлид. Ӯ дар ин рисола аз ҷумла мегӯяд: “Суоле бароям доданд дар бораи мавлуди набавӣ дар моҳи Рабиул-аввал, ки ҳукми он аз назари шариат чист? Ҷавоби ман чунин аст:

Ҷашн гирифтани мавлуди паёмбар (с), ки мардум дар он рӯз гирд меоянд, аз Қуръон ҳар он чи муяссар аст тиловат мекунанд, ахбори ворида дар оғози беъсати паёмбар (с) ва он чи аз нишонаҳо ва мӯъҷизот, ки дар рӯзи таваллуди он ҷаноб (с) воқеъ шудааст-ро мехонанд, сипас барояшон таом пешкаш мешавад ва ҳамагон онро тановул менамоянд, чунин аъмоле бидуни зиёдати чизе дигар, аз навъи бидъати ҳасана аст, ки анҷомдиҳандаи он савоб мебарад, чун дар ин аъмол, бузургдошт ва таъзими қадру манзилати ҳазрати паёмбар (с) ва изҳори хушҳолӣ аз вилодати он ҷаноб (с) нуҳуфта аст”. (Ал-ҳовӣ лил-фатово 1/189-197).

Read more

Суннат ва ҷашни мавлуд

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ба муносибати вилодати паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с)

Яке аз иддаоҳои ваҳҳобият дар номашрӯъ донистани ҷашн дар рӯзи мавлуди ҳазрати паёмбар (с) ва бидъат ангоштани он ин аст, ки мегӯянд, мо дар ривоятҳои исломӣ надидаем, ки Расули Акрам (с), ё ёрони он ҷаноб (с) ва ё тобеин, дар бораи ин ид чизе гуфта бошанд, агар ин ҷашн машрӯъ буд, сазовор аст дар навбати аввал худи ҳазрати Расули Акрам (с) ва саҳобагону тобеин дар ин рӯз ҷашн мегирифтанд, дар ҳоле ки мо дар ривоятҳо чунин чизе надорем.

Ба ростӣ, касе ки андак маърифат ба манобеи ривоӣ дошта бошад, аз ин иддаои ваҳҳобият дар тааҷҷуб меояд, чаро ки нигоҳе ҳарчанд гузаро ба ривоятҳои исломӣ, хилофи ин иддаоро собит менамояд.

Инак, нигоҳе гузаро ба ривоятҳои исломӣ:

1. Муслим дар Саҳеҳ-и худ аз Абу Қутода (р) ривоят мекунад: Аз Расули Худо (с) дар бораи рӯзаи рӯзи душанбе пурсиданд, ҳазраташ (с) посух фармуд: “Ин рӯз, рӯзе аст, ки ман дар он таваллуд шудам ва ҳам рӯзе аст, ки ба паёмбарӣ фиристода шудам (ё дар ин рӯз бар ман ваҳй фуруд фиристода шуд)”. (Саҳеҳ Муслим 2/819).

Read more

Паёмбари ислом (с) ва шеваи гузар аз ҷомеаи ҷоҳилӣ ба ҷомеаи исломӣ (9)

Ба муносибати вилодати паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с)

Натиҷагирӣ

Тибқи дидгоҳи Макс Вебер паёмбари ислом (с) бо эҷоди тағйир дар боварҳои аъроб, тамаддуни навинеро поягузорӣ кард, ва бар асоси назарияи Сайид Муҳаммад Боқири Садр ормонҳо ва идеолҳо дар ҷомеаи ҷоҳилӣ, ки ризоят ба вазъи мавҷуд буд-ро паёмбари ислом (с) аз тариқи овардани як дини ҷадид ба номи ислом ва ба кӯмаки ваҳй тағйир дод.

Илқои ин дин ба мардум, аз тариқи асли даъват ва бо истифода аз шеваҳои ҳикмат, мавъиза ва ҷидоли некӯ буд, на ба равишҳои иқтисодӣ, низомӣ ва сиёсӣ. Паёмбар (с) касеро татмиъ накард то ислом оварад. Бо зӯру шамшер касеро ба пазириши дини ҷадид водор накард. Ваъдаи ҷонишинӣ ё эътои посту мақом ба касе надод, то ёру ёвари ӯ гардад, балки сареҳан чунин дархостҳоеро рад ва нафй кард ва эълом дошт: Ло икроҳа фид дин (Дар дин иҷборе нест). Бар ҳамин асос аст, ки дар дини ислом агар амале аз рӯи икроҳ ва иҷбор анҷом шавад, ҳеҷ асаре бар он мутараттиб намешавад. Дин, амре ихтиёрӣ аст ва дар сурате ки ихтиёрӣ пазируфта шавад, арзишманд аст.

Read more

Паёмбари ислом (с) ва шеваи гузар аз ҷомеаи ҷоҳилӣ ба ҷомеаи исломӣ (8)

Ба муносибати вилодати паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с)

Истодагии паёмбар (с) ва мусалмонон дар баробари душманон

Баҳси мо дар мавриди Мадинатун-набӣ ва вижагиҳои он буд ва дар баҳси қаблӣ, ба иқдомоти ҳазрати паёмбар (с) дар даъват, ки ба ду бахш: иқдом дар тағйири афкор ва иқдом дар тағйири рафтор тақсим мешуд ишора кардем.

Дар ин ҷо лозим аст ёдовар шавем, ки албатта ҳазрати паёмбар (с) ва мусалмонон ва ҷомеаи навпои исломӣ, чи дар Макка ва чи дар Мадина, душманоне низ доштанд, ки мушрикон, яҳудиён ва сипас мунофиқон, аз муҳимтарини онон ба шумор мерафтанд.

Мушрикон, муборизаи худ бо паёмбари ислом (с) ва мусалмононро аз рӯёрӯӣ бо Қуръон шурӯъ карданд ва онро шеър, сеҳр, асотири аввалин ва...[1] номиданд, то ин ки Қуръон таҳдид ба таҳаддӣ кард ва фармуд: Агар чунин аст, шумо ҳам сурае мисли сураҳои Қуръон биёваред.

Read more

Паёмбари ислом (с) ва шеваи гузар аз ҷомеаи ҷоҳилӣ ба ҷомеаи исломӣ (7)

Ба муносибати вилодати паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с)

Мадинатун-набӣ ва вижагиҳои он

Суоли мо ин буд, ки паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) чӣ гуна ҷомеаи ҷоҳилӣ-ро ба ҷомеаи исломӣ табдил кард? Барои ин ки битавонем шеваи он ҳазрат (с)-ро дар ин тағйиру таҳаввул истинбот кунем, лозим аст иҷмолан иқдомоти эшонро тавзеҳ диҳем:

Нахустин иттифоқе, ки афтод, тағйир дар шахси Муҳаммад (с) буд ва табдил шудани ӯ аз як инсони маъмулӣ ба як инсони масъул ва мутааҳҳид. Ин тағйир тавассути ваҳй сурат гирифт ва аз он бо унвони беъсат ёд мешавад.

Пас аз ин ҳодиса, паёмбар (с) ба иблоғи ваҳй, инзор ва даъват-и мардум ба сӯи Худо маъмур мешавад ва дар ин росто тағйир дар муҳтавои ботинӣ ва андешаю фикри мардумро меҳвари кору фаъолияти худ қарор медиҳад. Бо дастури қум фа анзир (бапо хез ва бим деҳ) ба миёни мардум меравад ва нидо медиҳад: қулу ло илоҳа иллаллоҳу туфлиҳу (Мардум! Ба ягонагии Худованд иқрор кунед, ки растгор хоҳед шуд).

Read more

Паёмбари ислом (с) ва шеваи гузар аз ҷомеаи ҷоҳилӣ ба ҷомеаи исломӣ (6)

Ба муносибати вилодати паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с)

Корбурди вожаи ҷоҳилият дар мутуни динӣ

Дар Наҳҷул-балоға низ ҷоҳилият мавриди интиқод қарор гирифтааст. Аз ҷумла, ҳазрати Алӣ (к) мефармояд:

“Ҳамоно Худо Муҳаммад (с)-ро барангехт то мардумро битарсонад ва фармони Худоро чунон ки бояд, расонад. Он ҳангом шумо эй мардуми араб! Бадтарин ойинро баргузида будед ва дар бадтарин сарой мехазидед. Манзилгоҳатон сангистонҳои ноҳамвор, ҳамнишинонатон сусморҳои заҳрдор, обатон тираю ногувор, хӯрокатон гулӯозор, хуни якдигарро резон, аз хешованд буридаю гурезон, бутҳоятон ҳама ҷо барпо, пой то сар олуда ба хато...”[1]

Ҳамчунин дар хутбаи 126 мефармояд:

“Ҳамчун бадхӯёни ҷоҳилият набошед, ки на дар дин фаҳм доранд ва на шиносои кирдугоранд”.

Низ дар хутбаи 95 мефармояд:

“Ӯ (Муҳаммад (с))-ро барангехт дар ҳоле ки мардум саргардон буданд ва бероҳа фитнаро мепаймуданд, ҳаво ва ҳавасашон саргашта сохта, бузургихоҳияшон ба фурӯдастӣ андохта, аз нодонии ҷоҳилият хор, саргардону дар кор ноустувор, ба балои нодонӣ гирифтор. Ӯ, ки дуруди Худо бар ӯ бод, хайрхоҳиро ба ниҳоят расонд, ба роҳи рост рафт ва аз тариқи ҳикмату мавъизаи некӯ мардумро ба Худо хонд”.

Read more

Page 1 of 3

  • «
  •  Start 
  •  Prev 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  Next 
  •  End 
  • »