Чаро шоирони тоҷик ба ҷуз Бозор Собир дигар «Лениннома» наменависанд?
Нуралӣ Давлатов (бознашр аз нашрияи “Фараж”)
Парастиши шахсияти Ленин дар Иттиҳоди шӯравӣ то замони бозсозии Михаил Сергеевич Горбачёв ҳадду ҳудуд надошт. Дар давлати паҳноваре, ки шашяки рӯи курраи заминро ишғол мекард, дастгоҳи бузурги таблиғотӣ ба тарғибу ташвиқи ӯ машғул буд.
Шаҳрҳо, ноҳияҳо, деҳаҳо, ҷамоатҳо, колхозҳову совхозҳои зиёдеро ба номи Ленин гузошта буданд. Дар Тоҷикистон шаҳри Хуҷанд ва вилоят, Ленинобод ном дошт. Яке аз калонтарин ноҳияҳои ҷумҳурӣ (ҳоло ноҳияи Рӯдакӣ) ба ифтихори бунёдгузори давлати шӯравӣ гузошта шуда буд.
Дар тамоми шаҳрҳо ва ноҳияҳои давлати паҳновари шӯравӣ кӯчаҳо ва ё хиёбонҳои марказӣ ба номи Ленин буданд. Масалан, дар ҳамин шаҳри Душанбе кӯчаи марказӣ Ленин ном дошт, дар ҳамин кӯча Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин буд ва боз чандин ҳайкалу ҳайкалбачаҳои Ленин низ қомат афрохта буданд.
Чунин тарғибу ташвиқи беҳудуд дар Иттиҳоди шӯравӣ боиси пайдо шудани латифаҳои зиёд дар бораи Ленин гардиданд. Масалан, яке аз машҳуртарин шиори даврони шӯравӣ «Ленин аз зиндаҳо ҳам зиндатар аст» буд, ки аз ашъори Владимир Маяковский гирифта шуда буд.
Латифаи вобаста ба ин шиор чунин аст:
“Марде бо чунин мӯҳтаво барқия менависад: «Москва, Кремл, Ба Ленин. Рафиқ Ленин, ёрӣ расонед, ки Иванови камбағал соҳиби хона шавад.
Рӯзи дигар Ивановро ба идораи дахлдор барои сарзаниш кардан даъват мекунанду мегӯянд: - Аҳмақ, ту девона шудаӣ? Магар намедонӣ, ки рафиқ Ленин кайҳо мурдааст.
Иванов дар посух мегӯяд:
- Бале, акнун фаҳмидам; вақте ки Ленин ба шумо даркор бошад, ӯ аз зиндаҳо ҳам зиндатар аст, вақте ки ба Иванови камбағал даркор шуд, ӯ кайҳо мурдааст.”
Парастиши шахсияти бунёдгузори Иттифоқи Республикаҳои Советӣ Сотсиалистӣ (СССР) Владимир Илич Ленин (Улянов) ҳанӯз дар замони зинда будани ӯ шурӯъ нагардид. Дар баъзе манбаъҳои таърихӣ зикр мегардад, ки худи Ленин парастиши шахсияти худро қабул надошта онро хилофи таълимоти марксистӣ мешумурд. Бинобар ин, вақте ки 50-солагии зодрӯзашро ҷашн гирифтанд, ӯ дар қисмати аввали маҷлис, ки ба таърифу тавсифи ӯ бахшида шуда буд, ширкат накард.
Аммо баъди марги Ленин тарғибу ташвиқи шахсияти ӯ дар Иттифоқи советӣ ба таври густурда ба роҳ монда шуд. Шӯъбаи агитатсия ва пропаганда ин корро ба сатҳи сиёсати давлатӣ бароварда, онро зери назорати ҷиддии худ қарор дод.
Вақте ки Ленин рӯзи 21-уми январи соли 1924 вафот кард, роҳбарони Иттифоқи шӯравӣ тасмим гирифтанд, ки ҷасади ӯро ба хок насупоранд, балки онро дар Мавзолей нигоҳ доранд. Мавзолей дар ибтидо ба таври фаврӣ аз чӯб сохта шуд. Дар соли 1930 Мавзолейро аз санги хоро сохтанд. Баъдтар, вақте ки Сталин вафот кард, ҷасади ӯро дар назди Ленин ҷой доданд.
Аммо дар нимаҳои солҳои 30-ум парастиши шахсияти Ленин коҳиш ёфт, зеро пропагандистон ба парастиши шахсияти вориси ӯ – Сталин шурӯъ намуданд. Парастиши шахсияти Сталин зери шиори «Сталин - Ленин» ба роҳ монда шуд.
Бо мурури замон парастиши шахсияти Сталин ба мадди аввал гузашт. Масалан Мукофоти Сталин таъсис ёфт ва дар тӯли беш аз 2 даҳсола ин ҷоиза ба як қатор шахсиятҳо супорида шуд. Аз ҷумла, дар ибтидои солҳои 50-ум Садриддин Айнӣ низ соҳиби ин мукофот гардид. Вале Мукофоти Ленинӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ супорида шуд.
Вазъият дар нимаи дуюми солҳои 50-ум тағийр ёфт. Дар соли 1956 роҳбари нави давлати шӯравӣ Никита Сергеевич Хрушёв Сталинро барои репрессияи миллионҳо нафар шаҳрванди шӯравӣ гунаҳкор кард ва аз нав ба тарғиби шахсияти Ленин шурӯъ кард.
Баъди маҳкум кардани шахсияти Сталин миллионҳо адад портретҳо, бюстҳо ва китобҳои собиқ роҳбари давлати шӯравӣ барчида шуданд, ҳазорон ҳайкали ӯро канданду партофтанд.
Дар моҳи октябри соли 1961 дар Анҷумани 22 ҲКИШ тасмим гирифта шуд, ки ҷасади Сталин аз Мавзолей, аз назди Ленин бароварда шавад. Дар ин Анҷуман яке аз вакилон бо номи Дора Лазуркина суханронӣ намуда, гуфт: “Ман Ленинро дар дили худам мегардонам, дар мушкилтарин лаҳзаҳои зиндагии худ ман танҳо ба он хотир зинда мондам, ки Илич ҳамроҳи ман буд ва ман бо ӯ маслиҳат мекардам, ки ч ӣ кор кунам. (чапакзанӣ).
Дирӯз ман бо Илич маслиҳат доштам, гӯё ӯ дар назди ман зинда ҳозир шуд ва гуфт, ки барояш дар назди Сталин будан ногувор аст, зеро ӯ ба партия ин қадар зарар овард.” (чапаказании бардавом).
Барои тарғибу ташвиқи шахсияти Ленин ва идеяҳои ӯ дастгоҳи таблиғотии Ҳизби коммунист адабиётро ба таври густурда истифода мебурд. Дар Тоҷикистон низ ин кор хеле хуб ба роҳ монда шуд. Бархе шоирону нависандагон воқеан ба андешаҳои ҷовидонии ӯ бовар доштанд, бархе дигар тибқи зарбулмасали «хари ҷӯгиро об деҳу пулаш гир» рафтор намуда, Ленинро ситоиш мекарданд.
Дар адабиёти тоҷик қариб ҳамаи шоирони маъруфи мо, ба шумули Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва Гулрухсор дар васфи Ленин шеърҳо навиштаанд. Шояд дар миёни шоирони маъруф танҳо Бозор Собир истисно бошад. Аммо, номбурда баъди ҳиҷрат ба Амрико ба ҳадде Ленинро ситоиш кард, ки то ба ин дам ба ин ҳад ситоиш нашуда буд.Яке аз нахустин шеърҳое, ки дар адабиёти тоҷик ба васфи Ленин бахшида шудааст, шеъри «Ленин бародар раҳнамо»-и шоири халқӣ Саидалӣ Вализода мебошад. Замоне ки шоир ин шеъри худро таълиф кард, 22 сол дошт. Ин шеър хеле соддаву равон буда, дар он шоир ба ҳукумат, ки дар шашяки рӯи замин «мулки моро кардааст нозанин» офарин мехонад.
Шоир иддао мекунад, ки Ленин ҳукуматро зӯр карду золимро аз мулк дур кард ва баъдан мулкро ҳама пурнур кард.
Домони ҳиммат барзадаст
Бунёди зулм аз бех задаст.
Николая барҳам задаст,
Ленин-бародар раҳнамо!
Албатта, шоир дар ин шеъри худ ба муҳобот роҳ додааст, зеро дар соли 1922 дар зодгоҳи шоир Ховалинг ин ободиҳое, ки дар бораашон шоир зикр мекунад, вуҷуд надоштанд.
Нуктаи дигар ин аст, ки Саидалӣ Вализода, нахустин шоири тарғибгари Ленин дар Тоҷикистон, ибтидои солҳои 30-ум ҳамчун кулак ба даштҳои беканори Қазоқистон бадарға шуда, сахтиҳои зиёдеро пушти сар мекунад.
Дастгоҳи таблиғотии давлати шӯравӣ тарғиби Ленинро тавассути соҳаи маориф хеле хуб ба роҳ монд. Кӯдакон ва наврасони шӯравӣ вақте ки дар синфҳои ибтидоӣ мехонданд, октябрят мешуданд. Нишонаи сарисинагии онҳо акси Ленини кӯдакро дошт. Баъдтар пионер мешуданд ва боз ҳам нишони сарисинагиро бо акси Ленин меовехтанд. Комсомол, ки мешуданд, ба онҳо билети комсомолӣ медоданд, ки акси Ленин дошт.
Абдусалом Деҳотӣ - шоири машҳури тоҷик яке аз беҳтарин шеърҳоро дар васфи Ленин барои мактаббачаҳои тоҷик навишт.
Шоир дар ин шеъри худ мегӯяд, ки мо «Бо роҳи Ленин меравем, Шогирди Ленин мешавем!».
Дар ин шеъри худ, ки ҳамагӣ аз 16 мисраъ иборат аст, шоир иддао мекунад, ки мо насли хушбахти замонем ва фарзанди халқи қаҳрамонем, бо байрақи Ленин мудом, ҳастем озоду амон.
Шоир менависад:
Соҳиб шуда бар илму фан,
Дар хизмати халқу ватан,
Бо роҳи Ленин меравем,
Шогирди Ленин мешавем!
Мӯмин Қаноат ҳам чанд шеъре дар васфи Ленин дорад. Як шеър замонеро тасвир мекунад, ки Ленин дар Разлив пинҳон шуда буду ӯро пулиси махфии ҳукумати муваққатӣ ҷустуҷӯ мекард, то ба ҳабс гирад. Агар дар он шабу рӯз пешвои коммунистони рус ба зиндон меафтид, пирӯзии инқлоб зери савол мерафт.
Ҳукумат аз сари минбар,
Хиёнат аз паси чодар.
Сипоҳӣ дар замину бешаю дарё
Ҳама як роҳро пӯё,
Ҳама як роҳро ҷуё,
Кӣ гардад инқилоби қавмҳо бесар.
Шеъри дигари Мӯъмин Қаноат ба рӯзҳое бахшида шудааст, ки Ленин ба нависандаи фантаст Герберт Уэллс нақшаи ГОЭЛРО-ро нишон медоду дар бораи таъмин кардани Русия бо барқ қисса мекард.
Шоир ин лаҳзаро чунин тасвир мекунад:
Шоир фантаст дар ҳарат фитод,
Ин сафар андешааш ёрӣ надод,
Гуфт: «Аз ин андешаҳо хом асту бас,
Россия ин зулмати том асту бас!
Ин план танҳо даруни хона аст,
Ин хаёли хом, ин афсона аст.
Яке аз тарғибгарони асосии идеология коммунистӣ дар адабиёти тоҷик. шоири машҳур, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода буд. Ӯ ҳанӯз дар як шеъри худ, ки онро дар овони ҷавонӣ, дар соли 1940 сурудааст, Ленинро васф карда, мегӯяд, ки ту дар шаби торикӣ раҳ ёфтию ҳангоми саҳар чун шафақи субҳ дамидӣ, ҳарчанд, ки дар пеши раҳат об буду санг буду кӯҳ буд, аммо ту натарсидиву ҳамаро буридию шикастию паридӣ.
Ба иддаои шоир дар он замон киштии башар ғарқ ба дарёи бало буд, аммо Ленин бо дасти тавонои худ онро кашида аз дами бало баровард.
Мирзо Турсунзода дар ин шеъри худ дар васфи Ленин мегӯяд:
Авлоди башар чун ту фидокор надидаст,
Ҷон додию ҷони ҳамаи халқ харидӣ.
Дар шеъри дигари худ «Роҳи мақбара» М.Турсунзода мавҷи одамонро, ки ба дидани Ленин ба Мавзолей меоянд, тасвир карда, мегӯяд, ки ҳар гоҳ аз Майдони Сурх, ки он ҷо Мақбараи Ленин аст, мегузарад, бо дили як умр миннатдор аз онҷо мегузарад ва дилаш мехоҳад, ки мисли Дзержинский посбони Ленин шавад.
Дили шоир мехоҳад посбонони мақбараро иваз кунаду рӯзҳову шабон посбони Ленин худаш шавад ва мисли пионерон биёяд ин ҷову шеърхонӣ кунад. Ӯ бовар дорад, ки мақбараи Ленин то замину замон ҳаст, ҷои зиёрати инсонҳои озодманиш мешавад.
Чунки ин дарёи одам, ин сафи ороста,
Дар давоми солҳо ҳаргиз нагардад коста.
Чунки роҳи мақбара пайваста бошад доимо,
Бо тамоми асрҳову бо тамоми наслҳо.
Мирсаид Миршакар, муаллифи достони машҳури «Ленин дар Помир» ҳам, шеърҳо дар васфи Ленин навиштааст. Яке аз шеърҳои маъруфи ӯ «Ленин ҳамеша зинда аст» ном дорад.
Ӯ дар ин шеър, ки барои кӯдакон таълиф шудааст, ба фарзандаш насиҳат мекунад, ки ҳар гаҳ, ки ӯ аз Майдони Сурх гузар кунад, бо эҳтиром таъзим кунад, зеро он ҷо Ленини мо хобидааст. М.Миршакар дар идомаи насиҳати худ ба фарзандаш мегӯяд, ки ба Ленин таъзим кунад, зеро ӯ дар синаи ватан бедор аст. Таъзим кунад, зеро доҳии пролетариати ҷаҳон дар фаҳму идроки ватан зинда аст.
Шоир дар ин шеъри худ чунин хулоса мекунад:
Ӯ зиндаву бо номи вай,
Дорад ватан садҳо зафар,
Фатҳу зафарҳои ватан,
Карданд ӯро зиндатар.
Яке аз шеърҳои маъруфи солҳои 70-ум, ки ба Ленин бахшида шуда буд, ба қалами шоир ҷавонмарг Ғоиб Сафарзода тааллуқ дошт. Ин шеър дар тамоми маҳфилҳои расмӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ, ки дар шаҳрҳову ноҳияҳо доир мегаштанд, қироат мешуд.
Ғоиб Сафарзода дар ин шеъри худ мегӯяд:
Кист Ленин, Ленин инсонест озодипараст,
Ленин инсонест зарнҷири ғуломиро шикаст,
Ленин инсонест омад бо суруди субҳи нав,
Шуд азизу дар дилу дар дидаи мардум нишаст.
Бо суқути давлати шӯравӣ васфи Ленин дар адабиёти тоҷик анҷом ёфт. Дигар касе аз шоирони маъруф Ленинро васф намекунад. Замоне ки ҳайкали Ленин дар тирамоҳи соли 1991 афтонда шуд, шоири маъруфи тоҷик Лоиқ Шералӣ рубоӣ навишт ба ин маънӣ:
Ало вомондагони кеши Ленин
Равед аз пеши ман бар пеши Ленин,
Чароғи иличӣ нураш адо шуд…
“Фараж”



