Кимиёи саодат

 
 
You are here:
 
 

Огоҳии ҳузурии инсон ба Худо

Зафар Карим

Саломи гарму чушон!!!

Дар аввал, хамаи бародарон ва хохарони азизро бо иди наврузи ачам табрик менамоям.

Мухтарам устод Истаравшани!

Илтимос мешавад ин чумлаатонро шарху тавзех кунед:

“Урафо мегӯянд: Чун инсон мавҷудест офаридашудаи Худо, ва ба иборати дигар, чун инсон кори Худост, ва аз сӯи дигар, чун вуҷуди кор бо вуҷуди коргар муттаҳиданд, на ду то чизи аз ҳам ҷудо, бинобар ин, агар инсон некӯ дар вуҷуди хеш таваҷҷӯҳи лозим ба харҷ диҳад, маҳол аст, ки аз коргари хеш огоҳ нагардад.”

Саломат бошед!

 

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Зафари азиз,

Зимни табрики соли нав бароятон, бо камоли майл он матолибро барои шумо тавзеҳ хоҳам дод. Аз он ҷо ки тавзеҳи он матолиб, ниёз ба зикри чанд муқаддима дорад, аз ин рӯ баҳсҳои худро ду бахш мекунам:

Бахши аввал: Мо мехоҳем вуҷуди Худоро исбот кунем.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки усулан чизҳое, ки инсон мехоҳад ҳастӣ ё нестии онҳоро исбот кунад, ду гуна ҳастанд: як вақт ҳаст, ки мо дар мақоми исботи мавҷуде аз мавҷудҳо ба унвони як ҷузъ аз аҷзои олам ҳастем. Масалан дар бораи ситорагон мегӯем: фалон ситораро фалон кас кашф карда. Маънои ин сухан он аст, ки дар миёни ин мавҷудоти олам, масалан дар манзумаи шамсӣ, қаблан хаёл мекарданд, ки ҳафт ё ҳашт то сайёра ҳаст, аммо ахиран як сайёраи дигар ҳам дар канори ин сайёраҳо кашф шуд, ва маълум шуд, ки на, як сайёраи нуҳӯме ҳам дар ин манзумаи шамсӣ вуҷуд дорад. Яъне мавзӯе, ки мо ба дунболи он ҳастем ва онро ҷустуҷӯ мекунем, чизе аз чизҳои олам дар канори соири чизҳо аст.
Аммо як вақт ҳаст, ки мо вақте дар бораи исботи вуҷуди як чизе баҳс мекунем, он чиз агар бошад, бо ҳамаи чизҳо ва дар ҳамаи чизҳо ҳаст, ва агар набошад, дар ҳеҷ ҷо вуҷуд надорад. Ҳол, як мисол мезанам:

Ҳама медонанд, ки яке аз масоиле, ки фалосифа аз қадим дар бораи он баҳс кардаанд, масъалаи замон аст, ки оё замон вуҷуд дорад ё вуҷуд надорад? Донишмандоне мӯътақид буданд, ки асосан замон вуҷуд надорад, вале албатта ақидаи аксар ҳамеша ин буда, ки на, замон вуҷуди хориҷӣ дорад.

Ҳоло, агар касе бихоҳад он гуна дар ҷустуҷӯи замон бошад, ки масалан як ситорашинос дунболи он аст, ки як ситораро дар олам пайдо кунад дар канори ситораҳои дигар, ва бигӯяд: биравем бигардем бубинем як чизе ба номи замон дар миёни мавҷудоти олам пайдо мекунем ё пайдо намекунем? Агар касе ин гуна дар ҷустуҷӯи замон бошад, агар нобиғатарини афроди башар бошад ва миллионҳо сол дунболи замон бигардад, замонро наметавонад пайдо кунад. Бигӯяд: масалан бубинем мо дар зери як заррабине метавонем замонро пайдо кунем, дар пушти як телескоп метавонем замонро пайдо кунем, дар як лабаратория дар зимни як таҷрибае метавонем замонро пайдо кунем… Одаме, ки тасаввураш аз замон ба унвони ҷузъе аз аҷзои табиат дар канори соири аҷзои табиат аст, агар то абад ҷустуҷӯ кунад, замонро пайдо намекунад. Охираш хаста мешавад ва мегӯяд: замон вуҷуд надорад. Маконро ҳам агар касе бихоҳад ин гуна ҷустуҷӯ кунад, аз ҳамин қабил аст.

Аммо агар касе аз оғоз тасаввураш дар бораи замон ба ин наҳв набошад, ки бихоҳад як ҷузъ аз аҷзои оламро пайдо кунад, балки бихоҳад як ҷанба аз ҷанбаҳои оламро пайдо кунад, он вақт достон фарқ мекунад. “Як ҷанба аз ҷанбаҳои олам” яъне ин мавҷудоте, ки мо инак мебинем, ин мавҷудоти себуъдӣ, ки дорои тӯлу арзу умқ ҳастанд, оё ҳар мавҷуде дар матни воқеъ дорои як имтидод ва як кашиши дигаре ба номи “кашиши замонӣ” ҳаст ё нест? Яъне ӯ замонро ҷудо аз чизҳои дигар ҷустуҷӯ намекунад, замонро дар чизҳо ҷустуҷӯ мекунад, мехоҳад бубинад, ки оё агар замон вуҷуд дошта бошад, маънояш ин аст, ки бахше аз вуҷуди манро замонро ташкил медиҳад? Бахш, на ба маънои қисмате аз вуҷуди ман, балки ҳамон гуна ки тӯлу арзу иртифоъ дар хориҷ се амри ҷудо аз якдигар нестанд – фақат як фарзе аст, ки мо рӯи чизе воҳид мекунем – як имтидод ва як буъди дигаре ҳам дар канори ман вуҷуд дорад, дар он гиёҳ масалан вуҷуд дорад, дар он санг ҳам вуҷуд дорад, дар хуршед ҳам вуҷуд дорад. Яъне олам дар матни воқеъ як кашиши махсусе дорад ғайр аз ин се кашиши тӯлу арзу иртифоъ, ки номи он кашиш “замон” аст.

Ин гуна агар шахс бихоҳад тасаввуре аз замон дошта бошад, дигар замонро ба унвони падидае дар арзи соири падидаҳо ҷустуҷӯ нахоҳад кард, балки мехоҳад бубинад дар падидаҳои табиат як ҷанбае, ки бишавад номи “замон” рӯи он гузошт вуҷуд дорад ё вуҷуд надорад.

Пас бубинед Зафари азиз, тарҳи масъала чӣ қадр тафовут мекунад.

Баргардем ба сари асли масъала

Дар мавзӯи исботи Худо ҳам масъала аз ҳамин қабил аст. Албатта мисоле, ки арз кардам, сад дар сад дар мавзӯи Худо мунтабиқ нест, чун билохира замон – ҳар чи ҳаст – буъд аст, ва Худо буъд ё ҷанба нест. Вале дар ин ҷиҳате, ки манзури мо буд, мисоли замон, мисоли расое аст.

Ҳоло, агар касе дар ҷустуҷӯи Худо бошад ба унвони ин ки як мавҷуде ҷудо аз ҳамаи мавҷудоти дигар, ва дар миёни мавҷудоти дигар ба номи “Худо” бихоҳад пайдо кунад, бигӯяд масалан санг ҳаст, хок ҳаст, ҳаво ҳаст, об ҳаст, гиёҳ ҳаст… Инҳо як мавҷудоте ҳастанд, аммо дар миёни ин мавҷудот як мавҷуди дигаре ҳам ҳаст ба номи “Худо”, фарқаш фақат ин аст, ки ӯ ба чашм дида намешавад, аммо он дигар мавҷудот ба чашм дида мешаванд. Агар касе ин гуна масъаларо тарҳ кунад, аз оғоз иштибоҳ карда, яъне аслан Худоро худо тасаввур накарда.

Шумо бубинед касоне ки худоро қобили исбот намедонанд, тасаввурашон аз худо чунин аст, ва дар ин сурат бояд барояшон ҳақ дод, ки бигӯянд, ки худое вуҷуд надорад. Шумо дар навиштаҳои ҷаноби Фаромарз диққат кунед, комилан тарҳи ӯ аз вуҷуди худо, як ҳамчунин тарҳе аст. ӯ ба дунболи худое аст, ки бояд дар канори соири мавҷудот қарор гирад (ҳарчанд дидашуданӣ нест), ва ба васоили санҷиш ва меъёрҳое, ки барои исботи соири ашъё гузошта шудааст, ё лоақалл меъёре дигар, ки барои ҳамагон қобили қабул бошад, бояд исбот шавад.

Аммо тасаввури дуруст ва тарҳи саҳеҳи масъала дар мавзӯи исботи Худо, он аст, ки агар худое дар олам вуҷуд дошта бошад, ӯ наметавонад як чунин вуҷуди маҳдуде бошад дар канори соири мавҷудот, балки ӯ як мавҷуде бояд бошад, ки ба таъбири Қуръон Карим:

Ҳар кадом аз шумо ҳар ҷо ҳастед, Худо бо шумост” (Сураи Ҳадид, ояти 4).

Худост аввал ва охир (пеш аз ҳар чиз буда ва пас аз ҳар чиз ҳам ҳаст), ӯст зоҳир ва пайдо (дар матни ҳастӣ), ва низ ӯст ботин ва ниҳон (дар чигунагӣ), ва ӯст ба ҳама чиз огоҳ”. (Сураи Ҳадид, ояти 3).

Аз ин дигар таъбири расотаре дар бораи Худо намешавад пайдо кард. Вақте мегӯем Худо яъне аввали мавҷудот, яъне ин ки мавҷудот аз ӯ пайдо шудаанд, ва охири мавҷудот яъне ин ки мавҷудот ба ӯ бозгашт мекунанд.

Дар бораи охират Қуръон ин тавр мефармояд:

Онҳо (худобехабарон) танҳо зоҳире аз ҳаёти дунёро медонанд, вале аз охират (ботини он) ғофиланд” (Сураи Рум, ояти 7), яъне онҳо намуде аз зиндагии дунёро мебинанд, аммо аз охират, ки аз ин навъ нест ғофил ҳастанд. Яъне нисбати дунё ва охиратро, нисбати зоҳиру ботин ҳисоб мекунад.

Хулоса ҳадаф ин ҷиҳат аст, ки масъалаи асосие, ки дар боби исботи Худо ҳаст, саҳеҳ тарҳ кардани он аст. Худое, ки Қуръон матраҳ мекунад, аз аввал як қонуни куллӣ барои шинохти Худо матраҳ мекунад, мегӯяд:

Ҳеҷ чизе монанди Худо нест. ӯ монанд надорад” (Сураи Шӯро, ояти 11)

Ин мафҳумҳои “Субҳоналлоҳ”, “Субҳона раббиял-азим”, “Субҳона раббиял-аъло”, “Субҳона раббика раббил-иззати аммо ясифун” ва “Аллоҳу акбар”, ин мафоҳимро инсон дар тасаввури аввалӣ, ки мехоҳад аз Худо дошта бошад, бояд дар зеҳнаш дошта бошад. Яъне “Худо муназзаҳ аст аз тавсифоте, ки инҳо мекунанд”, “Худои ман, парвардигори ман муназзаҳ аст аз тавсифе, ки худи ман мекунам”. “Аллоҳу акбар” яъне “Аллоҳу акбару мин ан юсафа”. Инсон дар бораи мавҷуде баҳс мекунад, ки аслан бартар аст аз васфи ӯ ва тавсифи ӯ, муназзаҳ аст аз ҳар гуна маҳдудияте ва аз аз ҳар гуна нақсу камбуде.

Бубинед, Худое, ки Қуръон баён мекунад, ин аст:

Рӯ ба ҳар тараф ки биистед, рӯ ба Худо истодаед” (Сураи Соффот, ояти 180).

Ин хоссияти он мавҷуде аст, ки ҷузъе аз аҷзои олам нест, зоташ бар ҳамаи ашъё иҳота дорад, ва ӯ бо ҳамаи ашъё ҳаст.

Инҳо ҳама муқаддима буданд, дар номаи баъдӣ ба пурсиши шумо посух хоҳам гардонд.

Урафо чӣ мехоҳанд бигӯянд

Инак, пас аз арзи он муқаддимот, ба посухи пурсиши шумо, ки хостед он ҷумалотро тавзеҳ бидиҳам мепардозам. Муддаои урфо ин аст, ки инсон дар пайдо кардани Худо, набояд роҳе дур бипаймояд, балки кофист дар вуҷуди хеш некӯ бияндешад, ва руҳи хештанро аз олудагиҳои маънавӣ (яъне гуноҳон) пок созад. Дар вуҷуди худ бияндешад, на ин аст, ки дар моҳияти бадан ва ҷасаде, ки дорад бияндешад. Масалан дар чигунагии таркиби аҷзои бадан аз дилу ҷигару ишкамбаву ғайраву золик тафаккур кунад (ки албатта инҳо низ қобили таваҷҷӯҳ аст), балки муроди урафо, дар моҳияти инсонии хеш бияндешад, дар ин ки чӣ мавҷудест ва чӣ истеъдодҳое дар ӯ нуҳуфта, дар ин ки бубинад аз куҷо омада, ва дар куҷо қарор дорад, ва саранҷомаш чист? Бубинад замираш чӣ нуҳуфтаҳое дорад, куҷо дармонда аст, ва аз ин қабил тафаккурот… Хулоса агар чунин кунад, Худоро ҳатман пайдо хоҳад кард; он ҳам на ба монанди пайдо кардани мутакаллимин ва фалосифа, ки ҷуз ба мафоҳиме чанд, ки ба воситаи онҳо ба Худо огоҳ мешаванд, ва дар воқеъ, ин мафоҳим аст, ки восита қарор мегирад байни эшон ва Худо, балки шинохти ирфонӣ, шинохтест аз Худо биловосита, яъне Худоро ёфтан, на ба Худо огоҳ шудан.

Албатта қобили ёловарӣ бошад, ки ин муддаои урафо, баргирифта аз матни маорифи исломист. Чунин нест, ки эшон худ ин роҳро ихтироъ карда бошанд. Касе ки бо маорифи Қуръон ва суннат ва калимоти гуҳарбори ҳазрати хатмимартабат Муҳаммад Мустафо (с) ошност, некӯ медонад, ки гуфтаҳои урафо ва сӯфиҳои воқеӣ (на муддаиёни тасаввуф ва дурӯғгӯён), дар матни маорифи исломӣ нуҳуфта аст. Масалан Қуръон аз ҷумла мефармояд: “Қад афлаҳа ман заккоҳо ва қад хоба ман дассоҳо” (Сураи Шамс, ояти 9).

Ду ояти қабл аз ин оят чунин шурӯъ мекунад: “(Савганд) ба ҷону равони одамӣ ва он ки онро сомон бахшид, сипас бадкорӣ ва парҳезкорияш ба вай илҳом кард. Ба ростӣ, растгор шуд ҳар кӣ онро пок гардонид ва покиза дошт, ва ноумеду бебаҳра гашт ҳар кӣ онро олуда сохт”.

Ва ё дар ривояте омадааст: “Ҳар кӣ хештан шиносад, Худояш шинохтааст”, яъне хештаншиносӣ ва худшиносӣ, муқаддимаи Худошиносӣ аст.

Нуктаи дигар он ки муддаои урафо ду бахш дорад: бахше, худшиносӣ яъне ҳамон чизе ки урафо дар бораи он дар ирфони назарӣ баҳс кардаанд, ва бахше дигар марбут аст ба амал яъне ҳамон ки ба ирфони амалӣ маъруф аст. Мо дар ин ҷо бахши аввалро мавриди баҳс қарор хоҳем дод. Аммо бахши амалӣ, чизе гуфтанӣ нест, балки аз мақулаи амал аст, бояд хидмати ориф ва сӯфии комил рафт ва тибқи дастуруламалҳои ӯ амал намуд.

Нисбати мавҷудот бо Худо

Дар ирфони назарӣ чунин баҳс ҳаст (ки фалосифа ҳам, хусусан пайравони мактаби Садроӣ онро некӯтар матраҳ кардаанд), ки нисбати инсон ва ҳар мавҷуди мумкини дигаре бо Худо, нисбати кор бо коргар аст. Дар Қуръон ҳам ҳаст, ки мефармояд: “Ва Худост офаридгори шумо ва он чи анҷом медиҳед” (Сураи Соффот, ояти 96).

Албатта на ба монанди нисбати сохтаи як коргар бо ӯ, ки мову шумо дар инсонҳо мешиносем. Чаро ки нисбати сохтаи коргар бо коргар дар мо инсонҳо, чунин аст, ки коргар баъд аз сохтани масалан як манзил, дигар аз ӯ ҷудост, ва албатта аз нигоҳи дақиқи фалсафӣ, нақши коргар дар сохтани манзил, нақши эҷод нест, балки нақши омодасозӣ аст.
Мурод аз кор дар ин ҷо, яъне эҷод. Аз набуд, буд ба вуҷуд овардан. Нисбати мо инсонҳо ва ҳамчунин тамоми мавҷудоти мумкини дигар бо Худо, нисбати эҷод аст бо эҷодгар, ва ё ба иборати дақиқтар, нисбати “ба вуҷуд омада” бо “ба вуҷуд оваранда”. Он ҳам чунин нест, ки Худо баъд аз он ки моро ба вуҷуд овард, дигар аз мо ҷудо бошад, ӯ як воҳид бошад ва мо воҳиде дигар, ҳаргиз чунин нест. Ва низ чунин ҳам нест, ки мо танҳо дар оғози пайдоиш ниёз ба эҷодгар дошта, вале пас аз ба вуҷуд омадан, дигар ниёз ба эҷодгар надошта бошем. Балки мо ҳар лаҳза эҷод мешавем, мо ҳар лаҳза кори Худоем, ва ҳамчунин дигар мавҷудоти мумкин низ ҳар оне кору эҷоди Худоянд, ва ба фармудаи Қуръони Карим: “(Худо) ҳар оне дар кор аст”. (сураи Раҳмон, ояти 29).

Агар бихоҳем нисбати худ бо Худоро (кору коргар) ба чизе ташбеҳ кунем, (албатта ба хотири ба зеҳн наздик кардан, на ин ки ин ташбеҳ сад дар сад мунтабиқ бо баҳси мавриди назар бошад), шояд беҳтарин ташбеҳ, ташбеҳ ба инсон ва зеҳниёти ӯ бошад. Ҳар инсоне, метавонад ҳар лаҳза дар зеҳни худ чизеро тасаввур кунад. Масалан менишинем ва дар зеҳни худ тасаввури як инсонеро, ки дар шаклу сурат танҳо зоидаи зеҳни мост, мекунем.
Ин инсони зеҳнии мо, нисбаташ бо мо чи гуна аст? Ин инсон, дар ба вуҷуд омадан ва низ дар бақо, ҳар он ниёз ба инояти мо дорад. Агар лаҳзае ба он иноят накунем, несту нобуд мешавад. Чунин нест, ки ҳамин ки дар аввал онро тасаввур кардем, дигар аз мо ҷудо шуда, ва воҳиде мустақил аз мо гардад. Ҳаргиз чунин нест. Балки ҳар оне ниёз ба инояту таваҷҷӯҳи мо дорад.

Инсон ва дигар мавҷудоти мумкин низ, нисбаташон бо Худо чунин аст. Ин масъала, ҳарчанд сода ба назар мерасад, вале фаҳму даркаш ба ин осонӣ муяссар нест. Танҳо касоне ки дар улуми назарӣ вораста ҳастанд, онро хуб мефаҳманд.

Ҳоло, аз диди урафо, ки муттакӣ бар маорифи исломист, инсон (ва ҳар мавҷуди мумкини дигар), агар дар вуҷуди онҳо некӯ тааммул шавад, оё ҷуз онанд, ки ҳамагӣ маҳдуд ва нопойдоранд? Ҳеҷ мавҷуде дар ҷаҳон ба як ҳол боқӣ намемонад; ё дар ҳоли рушд ва такомул аст ва ё дар ҳоли фарсудагӣ ва поёнёбӣ. Оё ин ҷуз он аст, ки коре аз коргаре тавоно беш нестанд? Чаро? Чун ҳамаи инҳо ба дасти худи онҳо нест.

Инсон (ва ҳар мумкини дигаре) оё ҷуз ин аст, ки мавҷуде вобаста аст? Ба ҳар мавҷуде, ки менигарем, онро “вобаста” ва “машрут” меёбем, яъне вуҷудаш вобаста ва машрут ба вуҷуди як ё чанд чизи дигар аст, ба тавре, ки агар он мавҷудоти дигар набошанд, ин мавҷуд ҳам нахоҳад буд? Оё ҷуз ин аст, ки ҳамаи онҳо ниёзманд ҳастанд? Ниёзманд ба ҳамаи шароити бешуморе, ки ба он шароит вобаста ҳастанд. Ва ҳамчунин ҳар як аз он шароит низ ба навбати худ ниёзманд ба як силсила шароити дигар мебошад.

Ҳатто агар инсон дорои ирода аст, ки ин иродаро коргараш ба ӯ бахшида, ин иродаи ӯ фақат дар як маҳдудаи кучаке аст. Яъне ҳар чизе тибқи иродаи ӯ ҷорӣ нест. Масалан инсон наметавонад худро ба мавҷуде дигар, агар ирода кунад, табдил диҳад.

Пас, оё метавон ин корро яъне ин инсонро, бе мушоҳидаи коргари ӯ, мушоҳида кард? Оё маъқул аст, ки ҳар оқили бедордиле, вақте ба коре; он ҳам ба ин рӯшанӣ, нигоҳ дошта, вале аз вуҷуди коргари ӯ ғофил бимонад?

Ба қавли урафо, инсоне, ки Худоро инкор мекунад, дуруст мисли ҳамон инсони зеҳнии ҳар яке аз мост, ки (агар барояш ақле қоил бошем), вуҷуди моро, ба унвони як эҷодгар инкор дорад.
Албатта бояд аз Худои Мутаол дархост кард, ки ҳаргиз моро аз шинохти худамон бегона ва дар ғафлат нагузорад, ки дар он сурат, инсон худои хешро мункир мешавад.
Қуръон хитоб ба мӯъминон мефармояд:

Ва монанди касоне мабошед, ки Худойро фаромӯш карданд, ва Худо худашонро фаромӯшашон сохт. Инонанд бадкорони нофармон”. (Сураи Ҳашр, ояти 19).

Комёб бошед.

 

Пешин Феҳрист

Комментарии (0)add comment

Написать комментарий
smaller | bigger

busy