Кимиёи саодат

 
 
You are here:
 
 

Маорифи ҳақиқӣ ва маорифи эътиборӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Фаромарз,
Шумо ҳанӯз ҳам ба иштибоҳи худ пай набурдаед. Албатта ин иштибоҳ, танҳо иштибоҳи шумо нест, балки дар ҳақиқат, ин дидгоҳи либералистӣ аст, ки бархеҳо – дониста ё нодониста – аз он пайравӣ мекунанд. Ин ки мегӯед, ё дар воқеъ либералистҳо изҳор медоранд, ки ///Ҳар инсоне инсон озод аст ва нагзу бадро барои у ақли худаш таъйин мекунад ва акли ҳар кас ба андозаи худаш аст ва хостаҳову дидгоҳҳо ва бардоштҳо тафовут доранд ва масалан арзишҳое монанди хушбахтӣ, зиндагии саҳеҳе дуруст, равиши беҳтар ва гайра аз дидгоҳҳои афроди мухталиф гуногун аст. Масалан, шояд шумо фалон чизро хушбахти ва фалон шеваро роҳи дурусти зиндаги медонед, вале дидгоҳи ман фарк мекунад, он чизе ки шумо мегуед, барои ман зиндаги нест, балки зиндон аст. Баръакс шояд чизе, ки ман ба унвони шеваи дурусти зиндагӣ таъйин мекунам, барои шумо зиндоне беш нест///

Ва ё ин ки мегӯед ///Дар улуми иҷтимоӣ ва падидаҳои иҷтимоӣ, ба вижа дар бораи сохту бофтҳо ва табақоти иҷтимоӣ ва сиёсат ва давлат ва ғайра мардум наметавоанд дақиқан дидгоҳҳои муштарак дошта дошанд///

Ҳамаи ин изҳори назарҳо иштибоҳ аст, ки худ сарчашма дар як дидгоҳи нодуруст дорад.
Барои исботи нодурустии ин дидгоҳ муқаддимае кӯтоҳ арз карда, сипас вориди баёни масъала мешавам:

Чаро чунин дидгоҳе изҳор медоранд? Онҳо аввал улум ва маорифи инсонҳоро, дар як тақсимбандӣ, ки тақсимбандии дурусте ҳам ҳаст ва мавриди таъйиди фалосифаи исломӣ низ мебошад, ба ду тақсим мекунанд. Мегӯянд: маорифи инсонҳо, ё аз қабили “маорифи ҳақиқӣ” аст, ва ё аз қабили “маорифи эътиборӣ”. Муродашон аз “маорифи ҳақиқӣ”, маорифест, ки ҳикоят аз як воқеи хориҷӣ мекунад мисли додаҳое, ки мо дар риёзиёт мешиносем, мисли “ду зарби ду чаҳор”, ва ё он чи дар улуми таҷрибӣ дастгирамон мешавад, монанди “Замин дар атрофи хуршед мечархад” ва аз ин қабил. Мегӯянд: дар ин навъ додаҳо, инсонҳо метавонанд ба дидгоҳи муштарак даст ёбанд, чун воқеияти ин умур ба гунае аст, ки рабте ба худи инсонҳо надорад.

Ва муродашон аз “маорифи эътиборӣ”, додаҳое аст, ки дар хориҷ воқеияте надоранд, балки эътибори маҳзанд, ва ин инсонҳо ҳастанд, ки бар ҳасаби таквини хеш онҳоро чунон меёбанд, мисли “Озодӣ хуб аст”, “Фиреб бад аст”, “Эҳсону некӯкорӣ хуб аст” ва ғайра…

Албатта фалосифа ва мутакаллимини исломӣ, айни ҳамин тақсимбандиро анҷом дода, вале номи аввалиро “ёфтаҳои ақли назарӣ”, ва дуюмиро “ёфтаҳои ақли амалӣ” номидаанд. (р. к. ба тақсимоти улум дар осори Сино (р) ва низ дигар фалосифа, ва ҳатто Ғазолӣ (р)).

Сипас либералистҳо мегӯянд: Ин “хуб” ёфтан, ё “бад” дидан”, ва ё чизеро “саодат” ташхис намудан ва чизе дигарро “шақоват” ва “бадбахтӣ” таъйин кардан, доир мадори худи инсон аст. Агар чизе барои як инсон “хуб” аст, чи басо барои инсоне дигар, ки таквине мутафовит бо он инсони аввалӣ дорад, “бад” бошад. Мегӯянд: доварӣ ва қазоват дар ин гуна маориф, бар ҳасаби меъёре муштарак нест, балки худи инсон – ҳар инсоне – меъёри ёфтаи худаш аст.

Он гоҳ чунин истидлолро куброи дигар истидлолҳои хеш қарор дода ва қазоват мекунанд, ва ба иборати дигар, чунин истидлолеро заминаи доварӣ дар бораи додаҳои динӣ ва ҳатто фалсафӣ низ қарор дода, мегӯянд: Ин ки шумо диндорон мегӯед, ин хуб аст ва он бад, аз куҷо мегӯед? Агар паёмбаре гуфта бошад, ба он паёмбар ё пайравонаш мегӯянд: Магар ин паёмбар, ки дар маконе муайян ва замоне мушаххас, ва бо пешфарзҳое, ки дар зеҳни худ, ки мутаассир аз улуми замонааш аст дорад, ва тоза таквине хосси худашро дорад, ин гузораҳоро барои мо пешкаш намекунад? Шояд мо он чиро ки ӯ “хуб” ё “саодат” ташхис додааст, “бад” ва “шақоват” донем.

Ин аст хулосаи он чи онон баён медоранд. Дар номаи баъдӣ иншоаллоҳ ба посухи ин истидлол мепардозам.

Тавзеҳи масъала

Ин ки арз шуд чунин дидгоҳе дуруст аст, дар воқеъ муқаддимаи нахусташ дуруст аст, на муқаддимаи дуюми он. Он дидгоҳ чунин мегуфт:

  1. Маорифе аз қабили “ин бад” ва “он хуб”, маорифе аст эътиборӣ ва ин худи инсон аст, ки онҳоро чунин меёбад;
  2. Инсонҳо ба сабаби тафовут дар таквин, дидгоҳи муштарак дар онҳо надоранд.

Муқаддимаи нахустинро худи фалосифаи исломӣ низ ёдовар шудаанд. Дар воқеъ чизе нест, ки либералистҳо ёфта бошанд. Ҳатто ривоёте дорем, ки ишора ба ин матлаб дорад. Аммо муқаддимаи дуюми он, ки натиҷаи либералистҳо бештар такя бар он дорад, дуруст нест.
Тавзеҳ он ки “ёфтаҳои ақли амалӣ” ё ҳамон “маорифи эътиборӣ”, ҳарчанд ба эътибори худи инсонҳост, аммо ин эътибор, эътибори холӣ нест, балки такя бар як силсила ҳақоиқ дорад, ки аз он рӯ, метавон дар онҳо низ ба дидгоҳҳои муштарак (ки на ба замоне муайян муқайяд бошанд ва на ба маконе мушаххас) даст ёфт. Масалан ёфтаҳое чун “Адолат хуб аст”, “Зулм бад аст”, “Дурӯғ нописанд аст”, “Ростгӯӣ писандида аст”, “Камол саодат аст”, “Нақс шақоват аст”, ки ҳамагӣ аз масодиқи “маорифи эътиборӣ” ва “ёфтаҳои ақли амалӣ” аст, магар мавриди иттифоқи ақлу хиради тамоми башар – аз қадим то кунун – нест? Ҳамон тавре ки дар фалсафа мегӯянд, ҳар гоҳ шумо барои нақзи қоидае, танҳо як мисдоқ далел оваред, кофӣ аст, ки он он қоидаро нақз ва беэътибор кунад.

Магар ҳамин масодиқ кофӣ нестанд, ки бигӯем: Пас ин муқаддима, ки мегуфт: “Инсонҳо ба сабаби тафовут дар таквин, дидгоҳи муштарак дар онҳо надоранд”, нодуруст аст, зеро метавон дар ин замина низ ба дидгоҳи муштарак даст ёфт.

Ва ин ҳам, ки ин навъ аз эътиборот такя бар ҳақоиқ доранд, баёнаш ба ин сурат аст, ки инсонҳо қатъи назар аз тафовут ва ихтилоф дар навъи порае аз таквинҳо (ки реша дар замон, макон, навъи фарҳанг, ҳатто омили ген ва ғайра дорад), аммо дар порае аз таквинҳо муштарак ҳастанд. Масалан ҳамаи инсонҳо ба гунае офарида шудаанд, ки аз зулм танаффур ва ба сӯи адолат ҷазб мешаванд, дурӯғро нописанд ва ростро писандида мешуморанд, тавозӯъро рафтори шоиста ва такаббурро кирдори ношоист медонанд ва ғайраву золик… Ҳатто золим дӯст надорад, ки касе ӯро ситампеша номад, балки дӯст дорад ҳама ӯро одил донанд. Чаро? Чун навъи инсон – новобаста аз макону замону тарбияту ғайраву золикаш – чунин сиришта шудааст, ки адолатро дӯст ва аз зулм танаффур намояд.
Он ҷо ки дин ақлро “паёмбари ботин” медонист, бино бар додаҳои исломӣ, дар ёфтани чунин масоиле, ва ба иборати дигар дар ёфтани чунин “маорифе эътиборӣ”, ёфтаҳои ӯро мавриди имзо қарор додааст.

Аммо гузашта аз ин куллиёт, ки гуфтем ҳамаи башар нисбат ба онҳо диди муштарак доранд, оё ақлу хирад, ба танҳоӣ дар ташхиси масодиқи “хуб” ва “бад”, ё “роҳи саодат” ва “роҳи шақоват” қодир аст онҳоро дарёбад?

На ин ки “роҳи саодат” ва “роҳи шақоват” дар воқеъ нест, балки оё ақл онҳоро ёфта метавонад ё на? Ин ки дар воқеъ ҳаст, далелаш ҳамин мисолҳое аст, ки зикр гардид. Ба иборати дигар, он ёфтаҳо куллиёте ҳастанд, ки башар дар таъйини масодиқи онҳо ихтилоф дорад, на дар асли он.

Таҷориби башар гувоҳ аст, ки ақлу хирад то ҳанӯз дар ин замина сар дар гум аст. Дидгоҳҳои мухталифе иброз медорад. Инро дин ё паёмбар намегӯяд, балки таҷоруби башарӣ нишон медиҳанд.

Ҳоло, ин ҷо агар касе бо роҳи ақлу хирад, вуҷуди Худоро ёфтааст, ва далели ҷиддие ҳам дар хилофи он намебинад, агар мӯътақид бошад, ки офаридгор ба воситаи ирсоли паёмбарон; яъне ҳамон инсонҳои комиле, ки аз тариқи ваҳй бо Худо дар иртиботанд, роҳи саодати воқеиро нишон бидиҳад, оё таноқузгӯӣ карда? Оё башарро ноқисул-ақл дониста?

Ба ҳар ҳол, аз амсоли Фаромарз хоҳиш мешавад ибтидо мутолеаи ҷиддӣ дар додаҳои исломӣ ба амал оварда, сипас қазоват кунанд. Ин ки устод Равшан Камолов ёдовар шуданд, ки инсон набояд дар ин масоил саросемавор қазоват кунад, нуктаи дурусте аст. Қазоват ва доварӣ дар ин майдон, ибтидо ба мутолеаи дақиқ ниёз дорад.

Комёб бошед.

 

Пешин Феҳрист Пасин

Комментарии (0)add comment

Написать комментарий
smaller | bigger

busy