Сайидюнуси Истаравшанӣ
Фаромарз,
Ҳоло, навбати он аст ба шубҳаи шумо посух диҳам. Шумо иддао мекунед, ки бо ирода будани инсон, ё худо ӯро бо ирода офариданаш, худ мутаноқиз аст бо ирсоли паёмбарон барои ҳидояти ӯ. Чаро? Мегӯед: чун ин паёмбар аст, ки барои ман бармегузинад, на худи ман. Худо бо ирсоли паёмбар ва амру наҳйи ӯ, иродаи маро муқайяд ва побанд мекунад. Ман наметавонам ҳамон гуна ки худ дуруст мебинам ҳаракат кунам, балки бояд чунон ҳаракат кунам, ки Паёмбар барои ман роҳ таъйин мекунад.
Посух: аввалан, тарҳи саҳеҳи ин ишкол чунин аст: Агар ман ақлу хирад дода шудаам, лозимааш он аст, ки роҳи худ ба ақлу хирад баргузинам, на ин ки касе дигар (масалан Паёмбар) маро роҳ нишон диҳад. Лозимаи ақлу хирад доштанам, ин аст, ки худ роҳ ёбам, на касе дигар ба ҷои ман тасмим гирад.
Тарҳи дурусти ишкол чунин аст, на он чунон ки Фаромарз матраҳ карда, чаро ки ин ирода нест, ки роҳро таъйин кунад, балки ақлу хирад роҳро таъйин мекунад. Нақши ирода танҳо он аст, ки таҳти фармони ақл қарор гирад, на ин ки худи ирода дар таъйини роҳ нақше дошта бошад.
Ба ҳар ҳол, посухи ин ишкол он аст, ки бар асоси додаҳои динии мо Худо барои инсон ду ҳидоятгар, ва ба иборати дигар, ду паёмбар ва роҳнамо таъйин фармуда: паёмбари ботин ва паёмбари зоҳир. Дар ривоёти исломии мо, аз ақлу хирад ба унвони “паёмбари ботин”, ва аз паёмбароне, ки барои ҳидоят ва роҳнамоӣ аз ҷониби Худо фиристода шудаанд, ба унвони “паёмбари зоҳир” ёд шудааст.
Пас, аз дидгоҳи ислом, ақл худ як роҳнамо ва паёмбар аст. Ҳоло, пурсиш он аст, ки бо вуҷуди роҳнамо ва ҳидоятгар донистани ақлу хиради одамӣ аз ҷониби худи дин, боз чаро ниёз ба фиристодани паёмбарони зоҳир шуд?
Посух: Гузашта аз “бояд”-ҳои ҳар инсоне, ки пеши зеҳни худ дар робита бо нақшу рисолати ақлу хиради одамӣ метарошад, агар ба ин масъала, бо диди воқеъбинона нигоҳ андозем, мебинем ақлу хиради одамӣ дар таъйини роҳи саодату шақовати башар, то ҳанӯз сухани охир ва сад дар сад дуруст ва мутобиқ бо воқеъ назадааст? Дар ин ҷо дигар фарқ намекунад диндору бедин. Яъне коре надорем диндор чӣ назаре матраҳ мекунад ва бедин чӣ дидгоҳе иброз медорад. Масъала ин аст, ки оё башар бо такя бар ақли маҳз, тавониста саодату шақовати воқеии инсонро дуруст ташхис дода, ва бар асоси он, барномае саҳеҳ ва мутобиқ бо воқеъ дар ин замина пайрезӣ карда бошад?
Албатта, пайрезии чунин барномаи саҳеҳ, мутаваққиф бар он аст, ки ақл аввал як ҷаҳонбинии мутобиқ бо воқеъ дар бораи мабдаи инсонӣ, ки оё офаридгоре дорад ё надорад пешкаш кунад, ва сониян огоҳии сад дар сад саҳеҳ перомуни поёни зиндагии инсон, ки оё бо марг хотима меёбад ё зиндагии дигаре ӯро дар пеш аст матраҳ созад, ва ҳамчунин саодати воқеии инсон дар ҳамин дунё бар чӣ пояҳое устувор бояд бошад-ро ташхис намояд.
Оё ақл тавоноии ташхиси ҷаҳонбинии мутобиқ бо воқеъро дорад?
Гуфтем, ки пайрезии чунин барномаи саҳеҳ, мутаваққиф бар он аст, ки ақл аввал як ҷаҳонбинии мутобиқ бо воқеъро ташхис намояд. Оё тавониста ё метавонад?
Посух рӯшан аст. Башар ҳанӯз ҳам, ки ҳанӯз, дар ин майдон ба ҷое нарасида. Донишманде мегӯяд: Саодати воқеии инсон танҳо бар асоси дидгоҳҳои “инсонмеҳварӣ”-е, ки ҷаҳонбинии либерал-секулорӣ бар он устувор аст таъмин хоҳад шуд. Вале касоне дигар, мисли Марксу Энгелсу Ленину пайравонашон, дар баробари он дидгоҳ, дидгоҳи коммунистиро, ки бар пояҳои ҷаҳонбинии марксистӣ устувор аст-ро барномаи саҳеҳи саодати инсон матраҳ карданд ва ҳанӯз мекунанд.
Касоне дигар дидгоҳе сеюмеро матраҳ мекунанд ва ғайра…
Магар ҳамаи ин барномаҳо, ки бар асоси ҷаҳонбинии хоссе, ки соҳибонаш муддаӣ ҳастанд бо нерӯи ақлу хирад онро ёфтаанд, дуруст аст?
Агар дуруст буд, набояд миёни эшон ихтилоф меафтод.
Рӯшантарин бурҳон бар эҳтимоли нодурустии ҳамаи инҳо, такзиби якдигар аст. Яъне ҳамин ки ҳар яке дидгоҳи хештанро дуруст ва назари дигареро такзиб ва нодуруст меангоранд, худ далел бар он аст, ки ақлу хиради одамӣ дар пайдо кардани як чунин барномае оҷиз аст.
Агар бигӯед: Аслан, дурустӣ он аст, ки ҳар вақт ақл онро дуруст ангошт – ҳатто агар нодуруст ва мутобиқ бо воқеъ набошад – бояд тибқи он амал кард, ва ҳар гоҳ нодурустияш ҳувайдо гардид, ҳамон лаҳза аз он даст бардошта, роҳе дигар, ки ақл дар ҳамон мавқеъ онро дуруст меёбад-ро паймуд.
Дар ин сурат, пурсише, ки худнамоӣ мекунад, ин аст, ки магар башар озмоишгоҳ аст, ки ҳар вақт ҳар чизе – гар чи нодуруст аст – ро ақл дуруст пиндошт, башарро тибқи он ба тарафе суқ дода, ва баъд аз озмоиш, ки хато будани он таҷриба намоён гардид, боз таҷрибаи дигареро бар рӯи онҳо гузаронем?
Замоне касоне ҷаҳонбинии коммунистиро дуруст ангошта, ва бар асоси чунин ҷаҳонбинӣ ҷомеае ба роҳ андохта, ва қариб ба ҳаштод сол инсони бадбахтро бо ваъдаи сохтани ҷомеаи коммунистӣ, ва ё биҳишт дар рӯи замин, мавриди озмоиш қарор доданд, ва баъдҳо малум шуд чунин ҷаҳонбиние аз асос ғалат андар ғалат буда?
Хуб, ин дарки нодурустӣ баъд аз чанд сол, оё инро тавҷеҳ мекунад, ки мо инсонҳоро дар як муддате начандон кӯтоҳ, бар асоси як чунин дидгоҳ ва ҷаҳонбинии ғалат мавриди озмоиш қарор диҳем, баъд бигӯем: Бубахшед, ин роҳ иштибоҳ будааст, ҳоло биёед як барномаи дигарро бар рӯи шумо озмоиш кунем?
Ин ҷост, ки худобовар (на касе ки аз асос ба худо бовар надорад) чун бовар ва имонаш ба Худо, пояҳои ақлӣ дорад, мегӯяд: Ҳатман худое, ки моро офарида, ва ҳеҷ чизеро дар ин гетӣ беҳуда наёфарида, ин заруратро – яъне зарурати ҳидояти мардум ба роҳи рост, ки саодаташон дар он таъмин гардад-ро нодида наангошта. Аслан маҳол аст, ки нодида гирад.
Гуфторе аз Ибни Сино (р) дар ин замина
Ибни Сино (р) дар исботи ҳаққонияти нубувват ва паёмбарӣ, дақиқан ҳамин матлабро ёдовар шуда аст. Камина айни истидлоли Сино (р)-ро аз китоби “Наҷот” бароятон меоварам:
“Ниёз ба паёмбар ва баёнкунандаи шариати илоҳӣ дар бақои навъи инсон ва дар расидани инсон ба камоли вуҷудии инсонияш, басе бештар аст аз ниёз ба рӯёнидани мӯ бар абрувон ва муқаар (ва мутаносиб) сохтани кафи ду по ва манфиатҳое дигар аз ин қабил, ки сирфан манфиатнок дар бақои навъи инсонанд бидуни он ки зарурати бақои навъ эҷоб кунад”.
Албатта марҳуми Бӯалӣ (р) ин матлабро дар “Шифо” (с. 441-443) зимни як суғрову кубро, бештар тавзеҳ медиҳад, ки лозим аст онро низ тавзеҳ диҳам.
Ин истидлоли Сино (р)-ро (дар “Шифо”, с. 441-443) метавон ба сурати зерин танзим кард:
- Инсонҳо барои доштани зиндагии хуб, ба ҳамёрӣ ниёз доранд;
- Ҳамёрии инсонҳо, дар сояи зиндагии иҷтимоӣ таҳаққуқ мепазирад;
- Зиндагии иҷтимоӣ ба қонун ниёз дорад то доду ситад ва иртиботҳои одилона сурат гирад;
- Суннат (муроди Сино (р) аз суннат дар ин ҷо қонун аст) ва адолат, ҷуз ба василаи қонунгузор ва муҷрӣ таҳаққуқ намеёбад;
- Қонунгузор ва муҷрии қонун бояд инсоне бартар аз ҳама ва дорои ҳуҷҷат, яъне мӯъҷиза бошад, то мардум бо огоҳӣ аз ин имтиёзҳо аз ӯ итоат кунанд;
- Холиқи ҳастӣ ҳакиме мудаббир аст, ки дар офариниши ӯ халале роҳ надорад, ва барои ҳар ҳоҷати башарӣ, посухе дар низоми офариниш қарор додаааст;
- Ниёзи инсон ба қонунгузор ва муҷрии одил, дар низоми офариниш имконпазир буда, бепосух нест;
Он гоҳ аз ин ҳафт муқаддима чунин натиҷа мегирад: “Маҳол аст Худованд вуҷуди инсони бартари қонунгузор ва муҷрии адолатгустарро дар ҷомеаи башарӣ нахоҳад. Пас беъсати паёмбарон зарурат дорад”. (Шифо, бахши илоҳиёт, с. 441-443).
Албатта ин истидлоли Бӯалӣ (р)-ро бархе аз фалосифа ва ҳакимони исломӣ пас аз вай дунбол кардаанд, монанди Шайхи Ишроқ Шаҳобуддини Суҳравардӣ (549-587 ҳ.қ) (р.к. “Маҷмӯаи мусаннафоти Суҳравардӣ, с. 95-96), Мулло Садрои Шерозӣ (Аш-шавоҳидур-рубубия, с. 359-360), Файзи Кошонӣ (Илмул-яқин фи усулид-дин, ҷ. 1, с. 338-339).
Комёб бошед.




