Салими Аюбзод

Ҳоло, ки Наврӯз бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба як иди ҷаҳонӣ табдил ёфт, Тоҷикистон шояд тамоми ҳақро дорад, ки Соли Нави худро аз Наврӯз сар кунад. Ва набояд дар ин роҳ аз эҳтимоли дарҳам-барҳамӣ дар гоҳшуморӣ ва ноҳамгунии он бо солшумории дигарон нигарон буд. Бавижа ки дастикам дар як кишвар Наврӯз расман сари сол аст. Ва нашояд масъаларо сиёсӣ ё мазҳабӣ кард. Асли матлаб хештаншиносист ва ҳамоҳангӣ бо табиатест, ки Худо офаридааст.
Чаро бояд пойбанди соли наве монд, ки дар он на чизе ба поён мерасаду на чизе оғоз меёбад, дар ҳоле ки соли нави форсиён табиитарин аст ва дар фарҷоми як давраву шурӯи давраи дигар фаро мерасад. Магар мо ба касе қавл додаем, ки умрбод соли нави онро аз они худ хоҳем шумурд? Магар маҷбурем?
Агар соли нав январ аст, наврӯз чист?
Охир халқҳои зиёде ҳастанд, ки соли навашон 1-уми январ сар намешвад ва ин ҳол барояшон ягон бадбахтие наовардааст.
Барои намуна, соли нави Чин 14-уми феврал фаро расида буд ва таҷлили он дар бархе аз манотиқи он то 1-уми март идома ёфт.
Соли нави сикхҳои Панҷоб дар Покистон 13-уми апрел фаро мерасад. Дар Ҳабашистон соли нав 11-уми сентябр оғоз меёбад. Вашнавҳои Банғолистони Ҳинд 28-уми феврал соли навро ба ҳамдигар табрик гуфтанд. Муҳимтар аз ҳама, соли нав дар Эрон имсол аз 20-уми март сар мешавад.
Зимнан дар ҳар кишвар метавонад, ду ё зиёда аз он солшумориҳо мақоми расмӣ дошта бошанд ва ин ҳол ҳеҷ мушкиле пеш намеорад, аммо эҳёи солшумории ниёгон ва дар паҳлуи он шояд солшумории мардумӣ ва мазҳабӣ мӯҷиби қаноату ифтихори ҳамаи ақшори ҷомеа мешавад.
Аз сӯи дигар, дар ҳоле ки қарори Созмони Милал, дареғо, ташаббуси мо набуд, нахустин шуда, ба солшумории миллии наврӯзии хеш баргаштани мо ҳаққи таърихии моро ба он бештар ва маҳкамтар мекунад.
Бархӯрдҳои дугона ба наврӯз
Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 23-юми феврали соли 2010 бо қабули қатъномае 21-уми мартро Рӯзи байнулмилалии Наврӯз эълон кард ва ҳамаи кишварҳои узви Созмони Милал хост, ба интишори ин иди қадимӣ мусоидат кунанд.
Қатъномаи пешниҳодиро ҳайати Озарбойҷон дар ҳаммуаллифӣ бо Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Албания, Мақдуния ва Ҳиндустон муаррифӣ кард. Қатънома бо ҳамовозии тамом пазируфта шуд. Ин ҳақиқат ҳам тазаккур ёфт, ки асли баромади Наврӯз форсӣ буда, маънии калима дар тарҷума аз форсӣ “Рӯзи нав” мебошад.
Бо вуҷуди як пешдоварие ба фарҳанги эрониасл дар сатҳи ҷаҳонӣ, тарҳи марбут ба Наврӯз бидуни камтарин мушкиле мавриди пазироии аҳли ҷаҳон қарор гирифт.
Аммо дар бархе аз сомонаҳои интернетӣ, аз ҷумла Ислам.ру ин хабар вокуниши нек ба думбол надоштааст. Муаллифи беном бо ишора ба ҳадисе, ки саҳеҳ будани он зери суол аст, иброз медорад, ки Наврӯз ба мусулмонон бегона аст ва “онҳо бояд аз тақлид ба бегонагон парҳез кунанд ва фарзандони худро низ аз оинҳои маҷусӣ ҳифз намоянд.”
Торнамои Кавказсентр.ком Наврӯзро “як оини касифи шайтонӣ” номида, менависад, бар пояи шариати исломӣ ҷашн гирифтани Наврӯз ба мусулмонон ҳаром аст. Ҳанӯз чанде пеш аз ҷаҳонӣ шудани Наврӯз дар Бошқирдистони Русия китобе бо номи «Праздник Навруз и исламская доктрина» ба нашр расид, ки дар он фақеҳе бо номи Абдуллоҳ Ализода низ ин идро ба мусулмонон ҳаром номидааст ва таҷлили онро барои мусулмонони Русия қатъиян манъ кардааст.
Ба ақидаи донишмандоне, ки дар таърихи Наврӯз пажӯҳидаанд, дарвоқеъ он бо оинҳои зардуштӣ пайванди устувор дорад. Аз ҷумла оташ гирондан, бо орзуи “сӯхтани гуноҳҳои соли рафта” аз болои гулхан ҷаҳидан ва оинҳое шабеҳи ин, ба эҳтимоли зиёд аз давроне ба Наврӯз шомил шудаанд, зардуштия дини расмии ақвоми эрониасл будааст.
Аммо бархе аз пажӯҳишгарон мегӯянд, решаҳои Наврӯз ба Сумер(Шумер)-и қадим бармегардад ва ба худои офтоб – Мардук бахшида шудааст. Дар бораи базмҳои пуршӯри ин ид аз тахтачаҳои сафолии давраи Ашурбанипал (садаи 7 пеш аз милод) маълумоти муфассал ба даст омадааст.
Дар миёни баъзе ақвом ривояте мавҷуд аст, ки Наврӯз ба нахустин рӯзи баромадани офтоб рабт дорад. Бархи дигар онро ба рӯзи лангар андохтани киштии ҳазрати Нӯҳ дар кӯҳи Арарат пайванд медиҳанд. Ин рӯзро ҳамчунин то ҳанӯз дар ҷазираи Юкатани Амрикои Марказӣ, дар харобаҳои пойтахти тамаддуни Майя аз рӯи ҳаракати сояи пайкарае, ки дар қуллаи аҳроми Кукултан гузошта шудааст, ҷашн мегиранд.
Наврӯз, мазҳаб, таърих ва фарҳанг
Иттилои зиёде ба он ишора мекунад, ки Наврӯзи имрӯзаи мо дар давраҳои қадимтарин як иди умумии аҳли башар будааст, махсусан онҳое, ки аввалин бор заминро кишт карданд ва офтобро мояи ҳосили киштзорони худ донистанд. Ин аст, ки шикастпораҳои шояд нахустин иди инсоният акнун дар расму оини бисёре аз халқҳои олам ба мушоҳида мерасад.
Ҳатто иди Масленитсаи русҳо, ки аслан насронӣ нест ва аз ҳазорон соли пеш аз масеҳият омадааст, шабоҳатҳое бо Наврӯз дорад, аз ҷумла ранг кардани тухми мурғ, обпошӣ ба ҳамдигар ва ғайра. Калисои насронӣ дар ибтидо солҳои зиёде бо Масленитса биҷангид, борҳо онро мамнӯъ эълон кард, вале пас аз дарки бенатиҷагии ин мубориза онро ба қатори идҳои мазҳабии хеш шомил кард.
Пас аз густариши ислом дар Эрон ва Осиёи Марказӣ, арабҳо бо Наврӯз мухолифат накарданд, аммо онро маъқул низ надонистанд. Дар бораи расман манъ шудании таҷлил аз Наврӯз аз тарафи бузургони ислом хабаре нест. Аммо гуфта мешавад, бархе аз одатҳои наврӯзӣ, ки ошкоро ба шариати исломӣ мухолифат доштаанд, тадриҷан аз байн рафтаанд.
Ҳамчунин гуфта мешавад, шароб аз дастархони наврӯзии ақвоми эрониасл ихроҷ шуда, аз ин ҷо Ҳафт шин ба Ҳафт син табдил гаштааст.
Акнун дар ин дастархон – сабзӣ, сипанд, себ, санҷид, сиёҳдона, сир ва сирко мақоми асосӣ касб мекунанд. Ва гуногунии ҳафтмева дар дастархони наврӯзии манотиқи мухталиф низ шояд аз ин ҷо сарчашма мегирад.
Бо вуҷуди хабарҳои ин ки аз ҷаҳонӣ эълон шудани Наврӯз дар Тоҷикистон гарм истиқбол шудааст, чанд соли охир садоҳое шунида мешавад, ки набояд аз ин иди ба мусулмонон бегона таҷлил кард. Агар 5-7 сол пеш онҳое, ки чунин ақидаро баён мекарданд, ангуштшумор буданд, ҳоло теъдоди он хеле афзудааст.
Доноён ин ҳолатро ба густариш ва таҳким ёфтани донишҳои исломӣ дар ҷомеа бастагӣ медиҳанд. Бист соли охир давраи эҳёи ислом дар Тоҷикистон буд ва табъан чунин эҳё наметавонист бидуни тундравиҳои муайян ба вуқӯъ пайвандад.
Имсол низ бояд интизори инро дошт, ки садои махсусан ҷавонони исломгаро бар зидди иди Наврӯз баландтар хоҳад шуд. Аммо даргумон аст, ки чунин садоҳо битавонанд, тағйири муҳиме дар зеҳни ҷомеа ба вуҷуд оранд.
Посухи як мубоҳис мантиқӣ буд, ки мегуфт, “чаро бояд аз таърих ва фарҳанги миллии худ даст кашид ва он ҳам дар ҳоле ки бо чунин иддаоҳои пуч намешавад, исломи азизро ҳамчун дини сулҳу тафоҳум ва хираду ниёиш намудор кард.”
Ин муаллиф намуна оварда буд, ки ҳазорон сол аст, мисриҳо бо аҳромҳои Миср ҳамчун мероси бузурги таърихиву фарҳангии хеш мефахранд ва ба ёди касе намерасад, барои исботи мусулмонии худ онҳоро аз байн барад. Ҳатто бо вуҷуди хусумати қадимӣ ба фиръавнҳо…
Манбаъ: http://aioubzod.wordpress.com/




