Кимиёи саодат

 
 
You are here:
 
 

Осебшиносии инқилоби исломии Эрон аз дидгоҳи Оятулло Хоманаӣ

Ба муносибати 31-мин солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон

Дар навиштори ҳозир, дидгоҳи раҳбари Эрон Оятулло Хоманӣ перомуни хатарҳое, ки метавонад пӯёии инқилоби исломии Эронро таҳдид кунад, баён мешавад.

1- Адами таҳаққуқи адолати иҷтимоӣ:

Яке аз меҳваритарин усул дар ҳаёти башар адолат аст, ки сарчашмаи некиҳо, арзишҳо ва мояи таҳаққуқи аҳдофи инсонӣ мегардад ва ҷомеа ба ҳаёти матлуби худ намерасад магар ба иқомаи адолат. Аз ин рӯ, дар ростои таҳаққуқи ҳаёти некӯ, Худованди таборак ва таоло аз ҷумлаи фалсафаи беъсати анбиёро заминасозӣ барои таҳаққуқи адолати иҷтимоӣ бармешуморад. Дар андешаи Оятулло Хоманаӣ, адолати иҷтимоӣ, аз ҷойгоҳи воло ва арзишманде бархӯрдор аст, аз ин рӯ дар тарҳи робитаи инқилоби исломӣ ва адолати иҷтимоӣ мегӯяд:

“Дар ин марҳала аз инқилоб, ҳадафи асосӣ иборат аст аз сохтани кишвари намуна, ки дар он, рафоҳи моддӣ ҳамроҳ бо адолати иҷтимоӣ ва ҳамроҳ бо руҳия ва ормонҳои инқилобӣ бо бархӯрдорӣ аз арзишҳои ахлоқии ислом таъмин мешавад. Ҳар як аз ин чор рукни аслӣ, тазъиф ё мавриди ғафлат қарор гирад, бақои инқилоб ва гузари он аз марҳалаи гуногун мумкин нахоҳад буд”.[1]

Ва дар бораи аҳамияти асли адолати иҷтимоӣ мегӯяд:

“Адолати иҷтимоӣ ба ин маънӣ аст, ки фосилаи амиқ миёни табақот ва бархӯрдориҳои нобаҳақ ва маҳрумиятҳо аз миён биравад ва мустазъафон ва побараҳнагон, ки ҳамвора мутмаинтарин ва вафодортарин мудофеони инқилобанд, эҳсос ва мушоҳида кунанд, ки ба самти ҳазфи маҳрумият ҳаракати ҷиддӣ ва содиқона анҷом мегирад. Бо қавонини лозим ва таъмини амнияти қазоӣ дар кишвар таҷовуз ва тааддӣ ба ҳуқуқи мазлумон ва дастандозӣ ба ҳитаи машрӯи зиндагии мардум ҷамъ шавад. Ҳама кас эҳсос кунад, ки дар баробари зулму тааддӣ метавонад ба малҷаи мутмаин паноҳ бибарад ва ҳама бидонанд, ки бо кору талоши худ хоҳанд тавонист зиндагии матлубе дошта бошанд”.[2]

Ва дар таърифи дигар аз асли адолати иҷтимоӣ гуфтааст:

“Адолати иҷтимоӣ ба мафҳуми он аст, ки назар ва нигоҳи дастгоҳи қудрат ва ҳукумат бояд нисбат ба оҳоди мардум дар баробари қонун, имтиёзот, бархӯрдҳо ва рафторҳо яксон бошад ва оҳоди мардум аз имтиёзот ва хайроти исломӣ ба сурати одилона баҳраманд шаванд ва ҳеҷ кас бидуни далел имтиёзи вижае надошта бошад”.[3]

“Дар низоми Ҷ. И. Эрон, асоси ҳамаи фаъолиятҳо бояд мубтанӣ бар адолат бошад, зеро қисту адл, аз ҳамаи ормонҳо ва аҳдофи низоми исломӣ болотар ва боризтар аст... Рушди иқтисодӣ дар ҷомеаи мо ҳадафи аслӣ нест, балки рушди иқтисодӣ ҷузъе аз ҳадафи мост ва ҷузъи дигар иборат аз адолат аст. Ҳар барномаи иқтисодии он вақте мӯътабар аст, ки бо худаш ба танҳоӣ ё дар маҷмӯаи барномаҳо моро ба ҳадафи адолат наздик кунад, вагарна агар моро аз адолати иҷтимоӣ дур кунад, бар фарз бар ин ки рушди иқтисодӣ мунтаҳӣ шавад, кофӣ нест”.[4]

“Масъулони иҷроӣ, қазоӣ, қонунгузорӣ, рӯҳониён, гӯяндагон, рӯзноманигорон ва рӯшанфикрон бояд бидонанд, ки агар ҷиҳатгирии адолати иҷтимоӣ дар кишвар заиф шавад, ҳар коре дар кишвар анҷом бигирад, ба зиёни табақаҳои заиф ва ба суди иддаи маъдуди зарангҳо ва қонундонҳои қонуншикан тамом хоҳад шуд ва оммаи мардум бенасиб хоҳанд шуд”.[5]

“Бародарону хоҳарони азиз! Ниёзи умдаи имрӯзи кишвари мо адолат аст. Мардум аз табъиз ранҷ мебаранд, масъулони кишвар, ки биҳамдиллоҳ масъулони аршади кишвар мӯъмин ва покизаанд, агар он чиро ки ниёзи ҳақиқии мардум аст мехоҳанд, бояд ба адолат бияндешанд. Агар фикру андешаи адолат дар дилҳо зинда бошад, он гоҳ фурсати кор ва тавфиқ барои боз кардани гиреҳҳо яке-яке ба вуҷуд хоҳад омад, бекорӣ ва танбалии иқтисодӣ ва мушкилоти мардум, ки дар заминаҳои фарҳангӣ вуҷуд дорад, аз миён равад ва рушди илм дар дастгоҳҳо мумкин хоҳад шуд. Миллати азизи Ирон бо имони нобу поке, ки дорад ва бо эътимоде, ки ба низоми исломӣ дар саросари вуҷуди ӯ биҳамдиллоҳ вуҷуд дорад, хоҳад тавонист дар муқобили таҳдидҳои ҷаҳонӣ ҳамчунон бо истиқомату сарафрозӣ ва бо қудрату шаҳомат биистад ва мутаҷовизони султаталаб ва сайтараталаби ҷаҳониро аз наздик шудан ба марзҳо ва ҳарими ин миллат барҳазар дорад”.

“Душманони ислом намехоҳанд истиқрори адолат, ки бузургтарин ҳадафи ҷумҳурии исломӣ аст, таҳаққуқ ёбад. Парчами адолат ба василаи ислом барафрошта шудааст, аммо душманон намехоҳанд бигузоранд, ки воқеияти адолат дар ҷомеаи мустақил ва низоми ҷумҳурии исломӣ падид биёяд. Эҷоди адолати иҷтимоӣ ба маънои он аст, ки кишвар битавонад аз сарватҳои табиӣ ва истеъдодҳои инсонии худ истифода кунад ва баҳраҳои ин пешрафт ва тараққиро миёни ҳамаи мардум тақсим ва тавзеъ кунад. Эҷоди адолати иҷтимоӣ бидуни талош барои пешрафти кишвар дар ин минтақа ва манотиқи дигар барои ин мақсуд сурат гирифта, ки роҳкорҳое дар ҷиҳати эҷоди сарват барои кишвар ва он гоҳ баҳраманди умум аз он ба вуҷуд ояд”.[6]

“Албатта илоҷи фақр ба шакли усулӣ дар ҳар ҷомеае аз роҳи истиқрори адолат ва низоми одилона дар муҳити ҷомеа аст, то касоне ки аҳли дастандозӣ ба ҳуқуқи дигаронанд, натавонанд сарватеро, ки ҳаққи ҳамагон аст, ба суди худ мусодира кунанд. Ин як вазифаи давлатӣ ва ҳукуматӣ аст, аммо мардум ҳам ба навбаи худ вазифаи сангин бар дӯш доранд, иҷрои адолати иҷтимоӣ дар барномаҳои баландмуддат ва миёнмуддат ва ба тадриҷ имконпазир аст, амммо намешавад мунтазир монд, то барномаҳои иҷтимоӣ ба самар бирасад ва шоҳиди маҳрумияти маҳрумон ва фақри гуруснагон дар ҷомеа буд. Ин вазифаи худи мардум ва ҳамаи касоне, ки метавонанд дар ин роҳ талош кунанд аст”.[7]

2- Адами ҳифзи ваҳдат ва ҳамоҳангӣ дар миёни масъулон

“Масъулони кишвар дар қувои сегона ва ҳамаи фаъолони сиёсӣ ва фарҳангӣ бидонанд, ки ҳифзи манофеи миллӣ, дар ваҳдат ва парҳез аз тафриқа ва ихтилоф аст. Салиқаҳо ва гаройишҳои мутафовит набояд дар саҳнаи афкори умумӣ ба низоъ ва муҷодилаю кашмакаш табдил шавад ва душмани камингирифтаро умедвор кунанд. Ҳама бо ҳам ба ниёзҳо ва хостаҳои ба ҳаққи мардум дар умури иқтисодӣ ва фарҳангӣ бияндешанд ва барои таъмини он даст ба дасти якдигар бидиҳанд”.[8]

“Чизе, ки лозим медонам дар мавриди масъулони кишвар таъкид кунам, дар дараҷаи аввал инсиҷому иттиҳоди калима аст. Масъулони кишвар бояд муттаҳид бошанд ва ҳарфашон яке бошад”.[9]

“Яке дигар аз айбҳо ва офатҳо, адами иттиҳоди калима аст. Масъулон бояд мавозеи воҳиде иттихоз кунанд, ба хусус дар масоили ҷаҳонӣ ва масоили умдаи кишвар. Вақте ки андак ихтилоф дар масъулон пайдо мешавад, шумо мебинед радиоҳои бегона чӣ гуна инҳоро бузург ва чанд баробар мекунанд, ҳатто он ҷое ки ихтилоф нест, ихтилофро ҷаъл мекунанд, барои ин ки нишон диҳанд байни масъулон иттиҳоди калима нест. Онҳо аз ҷамъи мунсаҷиме, ки бо ҳам кор кунанд ва ҳамдил бошанд, хеле метарсанд. Хушбахтона, таркиби қонуни асосии мо роҳи ҳалли мушкилотро муайян кардааст, раҳбариро ба унвони меҳвар дар нуқтаи марказии ҳамаи масъулон қарор додааст. Ин имкон ва фурсати хеле бузург аст, то масъулон битавонанд бо ваҳдати калима бо ҳамдигар кор кунанд”.[10]

“Инҷониб намояндагони мӯҳтарами маҷлис ва низ масъулони қувваи қазоияро ба паймудани роҳҳои қонунӣ ва тамкин дар баробари қонун даъват мекунам ва аз муҷодилаҳои беҳуда дар амре, ки маҷрои қонунии он мушаххас аст, барҳазар медорам. Ихтилоф ва ҷанҷол дар маҳзари афкори умумии миллати азиз, ки барои рафъи мушкилоти худ чашм ба шумоҳо ва дигар масъулони сегона дӯхтааст, коре бар хилофи масолеҳи миллӣ ва дар назди Худо ва мардум нописандида аст”.[11]

“Он ҷое ки масъулон дар ғайри масоили аслӣ, дар масоили корӣ ва идории фаҳми як қонун бо ҳам ихтилоф доранд, ин ихтилоф пеши чашми мардум қарор нагирад ва ба кӯчаю бозор кашида нашавад. Ихтилофи назар набояд нишондиҳандаи ихтилофи масъулон бошад. Чаро? Чун мардумро маъюс ва нигарон ва душманро хушҳол мекунад”.[12]

“Худи омодагӣ ва ҳушёрӣ ва ҳассос будани як миллат дар қиболи шароит метавонад ӯро аз бисёре аз осебҳо маҳфуз нигаҳ дорад. Миллат чӯби ғафлатҳои худро мехӯранд, ҳамчунон ки чӯби ихтилофҳои худро мехӯранд. Имрӯз уммати ислом агар дар муқобили таҳдидот қарор мегиранд ва агар ба ҷанги салибӣ таҳдид мешаванд, ин ношӣ аз ғафлате аст, ки мутаассифона дар бисёре аз бахшҳои ин уммати бузург ба чашм мехӯрад, ҳамчунин ношӣ аз якпорча набудани ин ҳаҷми азим ва ин пайкари бузург аст. Мо ба саҳми худ ба унвони миллати Эрон, ба унвони парчамдорони ислом, ба унвони мунодиёни истиқлолу иззату шарафи як миллат, бояд ин осебҳоро ба даруни худ роҳ надиҳем”.[13]

“Масъалаи асосӣ, ки имрӯзи кишвар ва миллати мо ба он эҳтиёҷ дорад ин аст, ки масъулони кишвар дар ҷабҳаи воҳид талоши муттаҳид ва ҳамоҳангиро барои бартараф кардани мушкилоти иқтисодӣ ва маишатии мардум шурӯъ кунанд”.[14]

“Тавсияи муаккади ман ба масъулон ин аст, ки дар ин сутуҳи мудириятии низом, душманон бо зархаридҳои худ мехоҳанд ихтилоф эҷод кунанд, душман инро мехоҳад ва исрор дорад, ки мудирони кишварро дар ҷабҳаҳои мутафовите нишон диҳад. Орзуи душманон аст, ки қувои сегона ба ҷони ҳам бияфтанд; маҷлис ба ҷони қувваи қазоия, ба ҷони давлат, ва давлат ба ҷони қувваи қазоия. Масъулон бояд ҳушёр бошанд ва нагузоранд. Бидонанд, ки имрӯз кишвар ба чӣ чизе ниёз дорад”.[15]

3- Заъф ва таслим дар муқобили Амрико

“Дар шароите, ки бархӯрд бо режими Амрико бо ҳамаи дунё бархӯрде талабкорона ва фузунхоҳона мебошад, ҳар гуна заъф ва таслим шудан (дар баробари вай), бузургтарин хатои стратежик аст”.[16]

“Низоми исломӣ дар баробари урдугоҳи шарқу ғарб истода, аммо дар ҳамон рӯзҳо назария ин буд, ки мо ба наҳве бо истикбор канор биёем. Касоне, ки ин назарияро баён мекарданд одамҳои баде набуданд, балки содаандеш буданд ва мегуфтанд канор биёем, то зарари онҳоро дафъ кунем. Аммо посухи ин суолро намедоданд, ки ин канор омадан, кӯтоҳ омадан ва ақибнишинӣ кардани сангар ба сангар то куҷо?, (яъне) бояд аз арзишҳои худ сарфиназар намоем то Амрико бигӯяд дигар бо шумо коре надорем? Шояд баъзе аз онҳо ҳатто фикр намекарданд, ки истикбор ба ин ҳад ҳам қонеъ нест. Дар ҷанҷоли ахири фаъолиятҳои ҳастаии Эрон дидед, ки қадам ба қадам шурӯъ карданд ба ҷилав омадан; аввал гуфтанд Эрон бояд протоколи илҳоқиро қабул кунад, баъд гуфтанд бояд фалон иттилоотро бидиҳад, баъд поро фаротар гузоштанд ва гуфтанд: аслан Эрон набояд фанноварии ҳастаӣ дошта бошад”.[17]

“Ҳазинаи истиқомат ва иззатмандӣ камтар аз таслим ва забунӣ аст. Душманон фишор меоваранд, (медонам) сахт аст, (аммо) барои истиқлол ва ҳифзи ҳувияти як миллат ва шарманда нашудан дар муқобили таърих, таҳаммули ин сахтиҳо лозим аст. Шояд тасаввур кунед, ки агар таслим ва созиш бо душман сурат бигирад баъд аз таслим шудан, бо мо чӣ мекунад? Муҳоҷимон намегӯянд, ки таслим шудед, подошатон ин аст, ки ҳамаатон дар амну амон зиндагӣ кунед. Имрӯз Ироқ намунаи боризи он аст. Кӯтоҳ омадан дар баробари истикбор чизе ҷуз таслиму забунӣ ба ҳамроҳ надорад. Шумо имрӯз мебинед, ки иддае дар зоҳир маслиҳатандешона, дар ботин аз рӯи руъбу заъф, мегӯянд биёем каломе бигӯем ва қадаме бардорем. Дар он рӯз ҳам ҳамин ҳарфҳо буд, баъзеҳо мегуфтанд биёед ба ҷаноҳи Шӯравӣ ва морксистҳо миқдоре наздик бишавем, то битавонем дар муқобили ин ҷаноҳи дигар муқобила намоем ва муқовимат кунем, ё баръакс. Инҳо таваҷҷӯҳ намекарданд, ки нерӯ ва иқтидори як наҳзат ба ин аст, ки аз даруни худ биҷӯшад ва сидқи худро ба пайравонаш нишон диҳад, роҳи ҳалҳоро аз фикри худ ҷустуҷӯ кунад ва биёбад... Наҳзати исломии Имом Хумайнӣ бо он раҳбарии мудирона ва бо салобати худ дар баробари ин афкор муҳкам истод, ки шумо хаёл накунед ин ҳаёҳу ва ҷанҷоле, ки имрӯз ҳаст дар гузашта набуд. Аз аввали инқилоб ин ҳаёҳуҳо вуҷуд дошта аст, борҳо ва борҳо дар ҳамин даврони гузашта дар замони Имом ва баъд аз реҳлати эшон, ба хусус афроде аз кишварҳои ба унвони дӯсту ором (ба мо мегуфтанд) як розро ба шумо мунтақил мекунем ба мо иттилоъ доданд, ки акнун мушакҳои амрикоӣ ва исроилӣ ҳадафҳои дохили Эронро нишона гирифтаанд, бидонед, ки як ишора кофӣ аст, то Эронро мунҳадим кунанд. Ҳадафашон ин буд, ки дар муқобили ин таҳдидҳо ва иръобе, ки мехостанд ба вуҷуд биёваранд масъулон битарсанд ва таслим шаванд. Ин иръобҳо барои ақиб нишондани масъулони миллати Эрон буд, то мавозеи худашонро ҳифз кунанд”.[18]

“Роҳи илоҷ чист? Миллати Эрон як роҳи илоҷ дорад ва ҳамон илоҷе аст, ки то ба имрӯз дунбол карда(аст), ва он, истодагӣ ва тамассук ба ормонҳо ва усули худ ва ҳузур дар саҳна аст. Ман он рӯз ба миллати азизамон арз кардам, акнун ҳам арз мекунам, (ки) миллати бузурги Эрон бидонанд, агар истодагӣ ва ҳузури шумо дар саҳна набуд, низоми ҷумҳурии исломӣ ва ҳеҷ кадом аз масъулон як сол ҳам наметавонистанд муқовимат кунанд, иродаатонро муҳкам нигаҳ доред ва ҳузури худро ҳифз кунед. Мебинем ва медонем, ки миллати Эрон то имрӯз ҳамин тавр амал кардааст, баъд аз ин ҳам ҳамин тавр хоҳад буд”.[19]

“Албатта онҳо медонанд, ки ҷанг бо Эрон бисёр баҳои сангин дорад ва медонанд, ки ҷанг бо Эрон ҷанг бо як режим нест, ҷанг бо як давлати кудатоӣ нест, ҷанг бо як ҳукумат нест, ҷанг бо як миллат аст, бинобар ин худи онҳо ҳам аз ҷанг истиқбол намекунанд. Аммо мехоҳанд бо матраҳ кардани номи ҷанг ва таҳдид ба ҷанг, миллат ва дар дараҷаи аввал масъулонро маръуб кунанд ва водор кунанд, ки дар муқобили онҳо таслим шаванд, манофеи онҳоро таъмин кунанд ва ба миллати худ хиёнат намоянд. Инро бидонанд, ки дар миёни масъулони кишвар ва қувои сегона ҳеҷ кас наметавонад андак ангезае дошта бошад барои ин ки миллат ва масолеҳи ӯро таслими душмани бегона кунад ва агар касе дар ҷиҳати таслими манофеи миллӣ ва миллат ва масолеҳи Эрон ба душман ҳаракат кунад, миллат ӯро бо ниҳояти бераҳмӣ канор хоҳад зад. Хидмат ба миллати Эрон як ифтихор аст, масъулони кишвар рӯи дифоъ аз ҳуқуқ ва ҳифзи ҳайсият ва обрӯи ин миллат аз истиқлоли ин кишвар ҳамдостон ва ҳамсухананд, инро ҳама бидонанд, ки албатта медонанд”.[20]

4- Нокоромадии низом

“Онҳо (душманони инқилоб) метавонанд ду кор анҷом диҳанд. Хоҳиш мекунам масъулони кишвар, мудирони гуногуни бахшҳо ва оҳоди мардум ба ин нукта таваҷҷӯҳ кунанд: душманони миллати Эрон ва низоми Ҷумҳурии исломӣ фақат ба ин ду мавзӯъ метавонанд умед дошта бошанд: яке нокоромадии низомро ба мардум илқо кунанд, яъне бигӯянд ин низом наметавонад хостаҳои мардумро бароварда кунад ва бо илқои он ба мардум иртиботи мустаҳкам бо низоми исломиро аз байн бибаранд. Дуюм ин ки дастабандӣ ва ихтилоф эҷод кунанд. Ин ду нуқтаи умед барои саҳюнистҳо ва амрикоиҳо, истикбор ва душманони низоми исломӣ вуҷуд дорад, ҳама мутаваҷҷеҳи ин ду нуқта бошанд”.[21]

“Баъзеҳо худашонро кӯчак мешуморанд, баъзе нерӯи худашонро нодида мегиранд, баъзе он истеъдод, ҳаракат ва энергияи азимеро, ки дар даруни ин миллат ва дастгоҳи мудирияти ин кишвар аз маҷмӯаи қуво вуҷуд дорад, дасткам мегиранд. Ин ҳам ҷузъе аз таблиғоти душман аст, ҳамаи таблиғоти душман ин аст, (ки мегӯяд:) бадбахт шудед, бечора шудед, аз байн рафтед. Тамоми ин таблиғот марбут ба имрӯз нест, солҳо доранд ҳамин матлабро такрор ва тарвиҷ мекунанд. Ва ман ҳоло намунаҳои зиёде дар зеҳн дорам, ки ёдам ҳаст, аммо намехоҳам вақтро ба ин масоил бигузаронам ва ҳадаф ҳам чизе ҷуз ин нест, ки шуморо водор кунанд, то аз мавзеи худ ақибнишинӣ кунед”.[22]

“Яке аз масоиле, ки онҳо ба шиддат дунболаш ҳастанд, салби эътимоди мардум аз короии низом аст. Баъзе аз ҳарфҳое, ки мешунавед тасодуфӣ нест, баъзе касоне биёянд дар бораи низоми исломӣ баҳс кунанд ва бӯҳрони машрӯияти низомро матраҳ созанд; машрӯияти низоме, ки бо орои мардум сари кор ва бо муҷоҳидати мардум ва бо ин ҳама эҳсосоту авотифи мардум сари кор омада аст, бо ин ҳама мушкилот дасту панҷа нарм кардааст, аз ин ҳама душманиҳо ва муқобилаҳо сарафроз берун омада ва ҳамаи мардум ҳам ба кӯмаки ҳам будааст, он вақт биёянд ин низомро зери суол бигузоранд. Бӯҳрони машрӯияти инҳо тасодуфӣ нест, беъзе аз ҳарфҳое, ки мебинед дар баъзе аз трибунаҳо пахш мешавад, ҳама дар ҷиҳати ҳамин тасвири манфисозии низоми исломӣ дар зеҳни мардум ва барои салби эътимоди мардум аст, ки он мақсуд ҳосил шавад, яъне гусастагии пайванд миёни мардум ва низом, то хаёли душман осуда шавад”.[23]

5- Низоъ ва ҷаноҳбандиҳои сиёсӣ

“Агар бихоҳед дар коратон муваффақ бошед, бояд баъд аз таваккул ба Худои мутаол ва мустақимтар кардан ва мустаҳкамтар кардани робитаи қалбии худатон ба таври доим бо зоти муқаддаси рубубӣ, аз вуруд дар муноқишоти ҷаноҳӣ ва ҳизбӣ, ки иддае мехоҳанд дар кишвари мо инҳоро рӯз ба рӯз бештар кунанд парҳез кунед, ва рози муваффақияти шумо ин аст. Дастҳое дар кор аст, то сари масоили ҳеҷу пуч иддаеро ба ҷони ҳам бияндозанд ва сари мавзеъгириҳои гуногуни ҳизбӣ ва ҷаноҳӣ ва гурӯҳӣ ва гоҳе гурӯҳакӣ афродро нисбат ба ҳамдигар масъаладор кунанд, дуруст нуқтаи муқобили “Иннамал муъминуна ихватун фа аслиҳу байна ахавайкум”. Қуръон мефармояд, ки мӯъминони ба Худо, мӯъминони ба дин, мӯъминони ба роҳи анбиё бо ҳам бародаранд. Ду бародар мумкин аст бо ҳам даъво кунанд, аммо таклифи мо чист? “Фа аслиҳу байна ахавайкум”, байни ду бародарро бояд ислоҳ кард. Дуруст нуқтаи муқобил, ин идда мехоҳанд бо ҷаноҳбандӣ ва изҳороти ҳизбӣ ва эҷоди вилояти ҳизбӣ ба теорияи ихтилофафканӣ ва оташафрӯзӣ бидаманд”.[24]

“Он чи ки ба назарам мерасад лозим аст, ки барои ҳифзи ҳамгароии мардум бо ҳукумат анҷом бидиҳам, якеаш аз байн бурдани масъалаи ташаннуҷҳои сиёсӣ аст. Бояд ҳар чи мумкин аст нагузорем фазои сиёсии кишвар муташанниҷ шавад. Албатта мумкин аст як тарафи қазия шумо бошед, ман намехоҳам ҳамаи хитобамро ба шумо бикунам, мухотаби ман ҳамаи дастгоҳҳои кишваранд, аммо дар маҷмӯъ вақте ки ба саҳнаи сиёсии кишвар нигоҳ мекунем, мебинем, ки муҷодилоти бемавриде вуҷуд дорад. Ин муҷодилот фазои сиёсии кишварро заҳрогин мекунад ва танаффус дар онро аз лиҳози рӯҳӣ афсурда ва бемор мекунад, ва табиӣ аст, ки дар алоқаашон ба низом ва кишвар ва масъулон асар мегузорад. Албатта мумкин аст дар моҷарои як нафар миқдоре маҳбубияташ боло биравад ва бахши дигаре поин биёяд, аммо дар қазияи дигар акси ин хоҳад шуд ва албатта натиҷа яксон аст, натиҷа ба зиёни кишвар аст, лекин аз аҳдофи муҳимми мо ва шумо дӯстоне, ки дар давлат ҳузур доранд, ки аз ҷумла шуракои ин масъала ҳастанд, бояд ин бошад, ки саъй кунем фазои кишварро дур аз муҷодилоту кашмакашҳои сиёсӣ қарор диҳем”.[25]

Манбаъ: : http://kayhannews.ir


[1] Роҳбарҳои вилоят, ҷ. 6, с. 178.

[2] Ҳамон, с. 179.

[3] Ҳамон, с. 181.

[4] Ҳамон, с. 182.

[5] Ҳамон, с. 178, баёнот дар дидори аъзои ҳайъати давлат, 4/6/1381

[6] Ҳамон, баёнот дар дидори донишҷӯёни тарҳи ивлоят, 17/5/1381.

[7] Ҳамон, баёнот дар хутбаи намози иди фитр, 15/9/1381.

[8] Роҳбурдҳои вилоят, ҷ. 5, с. 125, паём ба муносибати бисту чорумин солгарди пирӯзии инқилоб, 23/11/1380.

[9] Ҳамон, баёнот дар ҷамъи мардуми Исфаҳон, 23/11/1380.

[10] Ҳамон, баёнот дар ҷамъи ҷавонони Исфаҳон, 12/8/1380.

[11] Ҳамон, посух ба номаи ноибраиси маҷлис, 8/10/1380.

[12] Ҳамон, баёнот дар иҷтимои мардуми Исфаҳон, 8/8/1380.

[13] Ҳамон, баёнот дар дидор бо нерӯи артиш, 19/11/1380.

[14] Роҳбурдҳои вилоят, ҷ. 7, с. 77.

[15] Ҳамон, баёнот дар иҷтимои мардуми устони Занҷон, 21/7/1382.

[16] Ҳамон, с. 128, баёнот дар пурсишу посухи донишҷӯёни донишгоҳи Шаҳид Биҳиштӣ, 22/2/1382.

[17] Роҳбурдҳои вилоят, ҷ. 7, баёнот дар дидори асотид ва донишҷӯёни донишгоҳҳои Занҷон, 22/7/1382.

[18] Роҳбурдҳои вилоят, ҷ. 7, с. 222, баёнот дар дидори донишҷӯёни басиҷӣ, 18/3/1382.

[19] Роҳбурдҳои вилоят, ҷ. 7, с. 430, хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон, 24/11/1382.

[20] Роҳбурдҳои вилоят, ҷ. 7, с. 437, баёнот дар саҳни мутаҳҳари Имом Хумайнӣ, 142/4/1382.

[21] Роҳбурдҳои вилоят, с. 390, баёнот дар иҷтимои мардуми Машҳад, 1/1/1382.

[22] Роҳбурдҳои вилоят, с. 390, баёнот дар дидор бо намояндагони маҷлис, 7/3/1382.

[23] Роҳбурдҳои вилоят, ҷ. 7, с. 392, баёнот дар дидор бо донишҷӯён ва асотиди донишгоҳи Шаҳид Биҳиштӣ, 22/2/1382.

[24] Роҳбурдҳои вилоят, ҷ. 7, баёнот дар дидор бо донишҷӯёни донишгоҳи Шаҳид Биҳиштӣ, 22/2/1382.

[25] Роҳбурдҳои вилоят, ҷ. 5, с. 232, баёнот дар дидори мудирони иҷроӣ ва масъулони устони Гилон, 15/2/1380.

Комментарии (0)add comment

Написать комментарий
smaller | bigger

busy