Кимиёи саодат

 
 
You are here:
 
 

Шарҳи Усули Шошӣ (3)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Даромаде аз марҳуми Низомуддини Шошӣ бар китоб:

Сипос Худоеро, ки ба хитоби гиромияш ҷойгоҳи мӯъминонро бартар қарор дод (он ҷо ки хитоб ба мӯъминон фармуд: “Сустӣ макунед ва андӯҳгин мабошед, ки шумо бартаред, агар мӯъмин бошед” (Оли Имрон/139)), ва ба маъноҳои китобаш мартабаи донишмандонро боло бурд (он ҷо ки фармуд: “Худо касоне аз шуморо, ки имон овардаанд (ба мартабае), ва касонеро, ки дониш дода шудаанд, ба мартабаҳое боло бурд” (Муҷодала/11)), ва аз миёни мӯъминони донишманд, истинботкунандагонро[1] ба дурустии бештар ва подоши афзунтар махсус гардонид.[2] Дуруд бар паёмбар (с) ва ёронаш, ва салом бар Абӯҳанифа ва дӯстдоронаш. Аммо баъд: усули фиқҳ (яъне манобеъ ва сарчашмаҳое, ки аҳком бояд аз онҳо истихроҷ гарданд) чаҳор тост:

  1. Китоби Худои Таоло;
  2. Суннати паёмбар (с);
  3. Иҷмои уммат;
  4. Қиёс.

Пас, ночорем перомуни ҳар як аз ин чаҳор қисм баҳс ба амал оварем, то бад-ин васила роҳи истихроҷи аҳком дониста шавад.

Боби якум: дар мавриди китоби Худои Таоло:

Ҳамон тавр ки дар пешгуфтор гуфтем, илми усули фиқҳ, “маърифат ва шинохти аносурест, ки ба воситаи онҳо метавон ба истинбот ва истихроҷи аҳкоми фиқҳӣ аз далелҳояш даст ёфт”, ва далелҳои аҳком, ва ба иборати дигар манобеи аҳком, иборат буданд аз: китоби Худо, суннати паёмбар (с), иҷмоъ ва қиёс.

Марҳуми Шошӣ баҳси худро аз манбаи аввал яъне китоби Худованд, ки Қуръони карим аст шурӯъ намуд. Ҳоло, барои ин ки муҷтаҳид битавонад аз Қуръони карим аҳкоми фиқҳиро истихроҷ намояд, бояд бо як силсила баҳсҳое, ки ҷиҳати истинботи аҳком аз Қуръон заруриянд ошно гардад. Албатта, аз он ҷо ки бештари ин баҳсҳо марбут ба лафзҳои Қуръон ҳастанд, ва аз сӯйе ҳам, лафзҳои Қуръон ба забони арабӣ мебошанд, аз ин рӯ, метавон гуфт, ки ин баҳсҳо фақат ба манбаи аввал, ки Қуръон аст ихитисос надоранд, балки муштарак байни Қуръону суннат мебошанд, зеро суннат ҳам ба забони арабист.

Хоссу омм

Нахустин баҳс дар ин боб, баҳси “хоссу омм” аст. Тавзеҳ он ки порае аз лавзҳои қуръонӣ ба сурати “омм” омадаанд ва порае дигар ба сурати “хосс”. Барои ошноии бештар бо лафзи “хоссу омм”, мисоле аз забони худамон яъне забони тоҷикӣ мезанам, то матлаб бештар рӯшан гардад. Як вақт мо мегӯйем: “Мусалмонон растгоранд”, ва як вақти дигар мегӯйем: “Шокир растгор аст”. Рӯшан аст, ки чун лафзи “мусалмонон” дар мисоли аввал лафзест омму фарогир, аз ин рӯ, ҳукми растгорӣ, тибқи ин мисол, бар ҳамаи мусалмонон бидуни истисно бор мешавад, аммо дар мисоли дуюм, чун лафзи “Шокир” танҳо бар як фард далолат мекунад, аз ин рӯ, ҳукми растгорӣ, тибқи ин мисол, фақат махсуси Шокир аст. Аввалиро “омм” ва дуюмиро “хосс” мегӯянд. Инак, бубинем марҳуми Шошӣ чӣ мегӯяд:

Хосс, лафзе аст вазъ карда шуда барои як маънои маълум, ё барои як мусаммои маълум, ба сурати инфирод.

Шарҳ: Пеш аз ҳар чиз бояд бо вожаи “вазъ” ошно шавем. Мурод аз вазъ дар ин ҷо, қарор додан аст, аммо на ҳар қарор додане, балки қарор додани як лафз барои маънои муайяне. Масалан, мегӯйем, одамони аввалӣ лафзи “об”-ро яъне ҳамин ҳарфҳои “о” ва “б”-ро, барои “мойеъе, ки менӯшанд” қарор дода ва гуфтаанд, аз ин пас, ҳар гоҳ лафзи “о+б” аз даҳон хориҷ ояд, зеҳни мо ба “мойеи нӯшиданӣ” биравад.

Ва аммо мурод аз мусаммо, ҳамон маъност, зеро лафзҳое чун маъно, мадлул, мафҳум ва мусаммо, лафзҳои мутародиф ҳастанд ва мурод аз ҳамаи онҳо, “он чи дар зеҳн ҳосил мешавад” аст.

Марҳуми Шошӣ мегӯяд, лафзи “хосс”, лафзест, ки барои як маънои маълум ва ё мусаммои маълум вазъ шудааст. Сифати “маълум”-ро ба ин ҷиҳат барои “маъно” ва “мусаммо” зикр намуд, ки то “лафзи муштарак” машмули таърифи мазкур нашавад, зеро “лафзи муштарак”, ҳарчанд лафзест вазъшуда барои маъно (мисли лафзи “дар”), аммо мурод аз маъно дар он маълум нест, чун лафзи “дар”, ду маъно дорад: яке “дар” он ҷо ки мегӯйем “Шокир дар хона аст”, ва дигарӣ, “дар” он ҷо ки мегӯйем “Дари ин хонаро боз кун”, яъне лафзи “дар” муштарак аст байни ин ду маъно. Аз ин рӯ, вақте қайди “маълум”-ро барои маъно (ё мусаммо) зикр намуд, лафзи муштарак аз таърифи хосс хориҷ гардид.

Ва аммо “инфирод”, ба маънои “танҳо шудан” аст, ва маънои “ба сурати инфирод” дар ин таъриф он аст, ки хосс лафзест вазъшуда барои як маънои маълум ба танҳоӣ, яъне аз шумули афрод такку танҳост. Ин қайд барои он оварда шудааст, ки то таърифи мазкур, шомили лафзи омм нашавад, зеро лафзи омм ҳам, ҳарчанд лафзест вазъшуда барои маънои муайяне, вале он маъно як маънои фарогир аст, яъне якчанд фардро дарбар мегирад, на як фардро.

Сипас, марҳуми Шошӣ барои хосс мисол мезанад. Мегӯяд:

(Мисолҳо барои хосс) ба монанди он чи дар тахсиси фард мегӯйем: Зайд, ва дар тахсиси навъ мегӯйем: Мард, ва дар тахсиси ҷинс мегӯйем: Инсон.

Шарҳ: Тавзеҳи он чи марҳуми Шошӣ дар ин се мисол овардааст ин аст, ки мадлули лафзи хосс, ки гуфтем дарбардорандаи беш аз як фард нест, ба навбати худ метавонад се гуна бошад. Гоҳе, ин воҳид, воҳиди фардӣ ва шахсист, гоҳе воҳиди навъӣ аст ва гоҳе ҳам воҳиди ҷинсӣ.

Воҳиди фардӣ он ҷост, ки мадлули лафзи хосс, дар хориҷ ҷуз як мисдоқ бештар надошта бошад, мисли як шахси муайяне, ки лафзи Зайд ба он далолат мекунад. Пас, лафзи Зайд хосс аст барои як фарди муайян.

Воҳиди навъӣ он ҷост, ки мадлули лафзи хосс, воҳид буданаш ба ин ҷиҳат нест, ки мисли воҳиди фардӣ, дар хориҷ беш аз як мисдоқ надорад, балки воҳид буданаш ба ҷиҳати он аст, ки фақат афроди як навъро дарбар мегирад, на анвои дигарро. Пас, лафзи мард хосс аст барои навъи мард ва навъи занро дарбар намегирад.

Воҳиди ҷинсӣ он ҷост, ки мадлули лафзи хосс, воҳид буданаш ба ҷиҳати он аст, ки танҳо афроди як ҷинсро дарбар мегирад, на ҷинсҳои дигарро. Пас, лафзи инсон хосс аст барои ҷинси инсон ва ҷинси ҳайвонро масалан дарбар намегирад.

Омм

Марҳуми Шошӣ дар таърифи омм мегӯяд:

Омм ҳар он лафзе аст, ки дарбардорандаи ҷамъе аз афрод бошад, (ҳоло ин омм); ё омми лафзӣ аст мисли лафзҳое чун “муслимин” ва “мушрикин”, ва ё омми маънавӣ аст мисли лафзҳое чун “ҳар он ки”, “ҳар он чи”...

Дар баҳси баъдӣ, ки бо ҳукми ҳар як аз хоссу омм ошно мешавем, масъала боз ҳам рӯшантар мегардад.

Қисмати аввал: Пешгуфтор

Қисмати дуюм: Усули фиқҳ дар луғат ва истилоҳ, таъриф, мавзӯъ ва ҳадафи илми усули фиқҳ

Қисмати чаҳорум: Ҳукми хосс

Қисмати панҷум: Ду мисоли дигар барои хосс


[1] Истинботкунандагон, ҳамон муҷтаҳидоне ҳастанд, ки нерӯи хешро сарфи истихроҷи аҳком аз манобеи шариат мекунанд.

[2] Яъне, аз миёни донишмандон, муҷтаҳидонро ба расидани ба ҳақ ихтисос намуд, чаро ки хато ва иштибоҳ дар истинботи аҳком аз ҷониби муҷтаҳидон хеле кам иттифоқ меафтад, ба хилофи донишмандони ғайри муҷтаҳид, ки онҳо бештар дар маърази хато ҳастанд. Ва аммо ин ки муҷтаҳидонро ба подоши бештар махсус гардонид, ба ин ҷиҳат аст, ки муҷтаҳид, ҳар гоҳ иҷтиҳод кунад ва иҷтиҳодаш дуруст бошад (яъне мутобиқ бо воқеъ бошад), ду савоб мебарад, ва аммо агар дар иҷтиҳодаш хато кунад, як подош азони ӯст.

Комментарии (0)add comment

Написать комментарий
smaller | bigger

busy