Кимиёи саодат

 
 
You are here:
 
 

Амрико наметавонад дар ҷанги Афғонистон пирӯз шавад

Шӯрои равобити хориҷии Амрико, бар асоси як назарсанҷӣ навишт: “Аксари аъзои Шӯро ва мардум, бо таваҷҷӯҳ ба афзойиши нерӯҳои Амрико дар Афғонистон аз сӯйи Барак Обама, мӯътақид аст, ки Амрико наметавонад дар Афғонистон пирӯз шавад”.

Ҷеймс Линдсей (James M. Lindsay) дар гузорише, ки дар сайти Шӯрои равобити хориҷии Амрико мунташир шудааст, ба баррасии натоиҷи як назарсанҷии ҷадид, ба суханронии Барак Обама (Barack Obama) ишора карда ва менависад: “Обама дар якуми декабр (соли 2009) тайи суханронӣ дар Вест-Пойнт (West Point) эълом кард, 30000 сарбози дигар ба Афғонистон хоҳад фиристод. Ӯ акнун бояд ҷомеаи Амрикоро ба дуруст будани тасмимаш мутақоид кунад, ва албатта ин кор чандон сода нахоҳад буд”.

Ин натиҷа бар асоси назарсанҷии ҷадиди Маркази таҳқиқотии PEW ва Шӯрои равобити хориҷӣ (CFR) ба даст омадааст. Ин назарсанҷӣ, ки дар авохири октябр ва авоили ноябр (соли 2009) анҷом шуд, арзёбии сиёсати хориҷӣ ва нигаришҳои мавҷуд дар бораи амнияти миллӣ аст, ки ҳар чаҳор сол як бор байни беш аз 600 нафар аз аъзои Шӯрои равобити хориҷӣ ва 2000 нафар мардуми оддӣ баргузор мешавад.

Нависанда дар идомаи гузориш бо истинод ба натоиҷи ба дастомада менависад: “Аксари аъзои Шӯро ва мардум нумраи пойине ба тарзи бархӯрди раиси ҷумҳур бо вазъияти Афғонистон доданд. 49 дар сади мардум ва 46 дар сади Шӯро мухолифи сиёсатҳои вай дар ин замина буданд. Ҳамчунин мӯътақид ҳастанд, ки Амрико наметавонад дар Афғонистон пирӯз шавад. Тақрибан, 6 нафар аз 10 нафар мегӯянд, ҷанг чандон хуб неш намеравад, ё ин ки аслан хуб пеш намеравад. Аъзои Шӯро ҳатто бадбинтар низ ҳастанд ва 9 нафар аз 10 нафар чунин ақидае доранд”.

Сипас гузориш ба муқойиса байни раъйи аъзои Шӯро ва мардум мепардозад. Аъзои CFR аз роҳбурди афзойиши нерӯ дар Афғонистон ҳимоят мекунанд. Ниме аз онҳо мӯътақиданд, тайи соли оянда шумори сарбозҳои амрикоӣ дар Афғонистон бояд афзойиш ёбад, дар ҳоле ки танҳо як чаҳоруми ин теъдод хостори коҳиши теъдоди нерӯҳо ҳастанд. Аммо мардуми оддӣ назари дигаре доранд. 2 нафар аз 5 нафар хостори коҳиши нерӯҳо, ва 1 нафар аз 5 нафар тарафдори ҳифзи теъдоди феълии нерӯҳо ҳастанд. Алорағми ихтилофи назарҳое, ки дар бораи оқилона будани роҳбурди афзойиши нерӯ вуҷуд дорад, оммаи мардум ва аъзои CFR ба ин ки нерӯҳои бештар битавонанд боиси саботи вазъияти Афғонистон шаванд шак доранд. 57 дар сади аъзои CFR ва 47 дар сади мардум мӯътақиданд эҳтимоли ин ки вазъияти Афғонистон он қадар сабот ёбад, ки битавонад дар баробари хатари Толибон муқовимат кунад пойин аст.

Эҳсосоти инзивоталабона дар миёни мардуми Амрико ба болотарин ҳадди худ расидааст

Бино бар ин гузориш, ихтилофи назар дар бораи Афғонистон дар шароите матраҳ шуда, ки ба хотири бӯҳрони молӣ инзивогаройӣ афзойиш ёфтааст. Ҳангоме ки аз мардум пурсида шуд, оё Амрико бояд ба масоили дохилии худ бипардозад, 49 дар сад посухи мусбат доданд. Ин мизон 7 дар сад беш аз соли 2005 буда, ва болотарин эҳсосоти инзивоталабона аз соли 1964 – ки муассисаи PEW ва дигар муассисоти назарсанҷӣ ин корро оғоз карданд – аст. Ва дар ин замина ихтилофи андаке байни аҳзоб вуҷуд дошт. 53 дар сади демократҳо ва 43 дар сади ҷумҳурихоҳон мехоҳанд Амрико ба умуроти дохилии худ бипардозанд.

Ин гузориш дар поён бо баёни ин ки ин назарсанҷии CFR-PEW ҳамчунон ҳовии ахбори хуб барои Кохи сафед аст, меафзояд: “Бо ин ҳол, Обама барои ба даст овардани ҳимояти дохилӣ аз сиёсате, ки дар Афғонистон дар пеш гирифтааст, бо чолиши душворе рӯбарӯ аст. Мардум мӯътақид ҳастанд, ки наметавон бо сарфи ҳазинаҳои қобили қабул дар ҷанг пирӯз шуд, ва шароити иқтисодии душвор боис шуда таваҷҷӯҳи онҳо мутаваҷҷеҳи масоили дохилӣ шавад. Агар роҳбурди афзойиши нерӯ муваффақиятомез набошад, ё ба афзойиши талафот байни нерӯҳои амрикоӣ мунҷар гардад, Обама бо фишори зиёде барои тағйири равиш ва масираш мувоҷеҳ хоҳад шуд”.

CFR

Комментарии (0)add comment

Написать комментарий
smaller | bigger

busy