Кимиёи саодат

 
 
You are here:
 
 

Ишқи оламгири Мавлоно ҷаҳонро забт кард

Фирдавси Аъзам

Гуи ғарбиҳо (албатта ин тафриқандозӣ нест) ӯро аз мо бештар дӯст медоранд. Ӯро аз мо бештар медонанд? Ҷаҳон ба ӯ ниёз дорад, на ӯ ба ҷаҳон ниёз дошт. Ҷаҳон ӯро шоири ошиқи дараҷаи як меҳисобад. Шеъри ӯро ҳатто дар дастраси афроди оддӣ метавон дид. Ишқи ӯ дар заминаи гаравидан ба дини мубини ислом тавонист мусоидат намояд. Пас ӯ кист ҷаҳонро ба таҳлука даровардааст? Посуҳ кӯтоҳ ва муҳтасар, Руми, Мавлоно, Мавлави, Ҷалолиддин, Маснави ва ... бале ин номҳоянд, ки ҷаҳонро мафтуну ҷунуни ҳеш кардаанд. Ин номҳоянд, ки имруз дар ҳамагуна умури иҷтимоии инсонҳо мусодаткунанда мебошанд. 

Мавлоно Ҷалолидини Балхӣ солҳост, ки бо осору ашъори нобу иҷтимоии хеш таваҷҷуҳи одамони дорои мазҳабу кеш, миллият ва нажоди мухталифро ба суи хеш мехонад. Яке аз вижагиҳову хусусиятҳои шеъри у ин албатта тааллуқият ба ҳама инсонҳост, новобаста аз сину сол ва новобаста аз адёну мазоҳиби дини. Уро ҳама эътироф мекунанд, чаро ки сухани у, ҳарфу ояти у моли ҳамaаст ва барои ҳама нигошта шуда аст.

Мувофиқи баъзе сарчашмаҳо Мавлоно то соли 1920 дар Амрико ва умуман Гарб он қадар шуҳрат надошт, аммо дар Шарқ бошад уро чун як орифу шоири суфи ва олим мешинохтанд. Шуруъ аз солҳои 1920 устоди Донишгоҳи бонуфузи Кембриҷ профессор Рейнолд Николсон ба тарҷумаи инглисии осори Мавлоно мепардозад ва яке аз нахустин муаррификунандаҳои Мавлоно дар Гарб мегардад. Сипас баъди солҳои 1970 дубора гунчаи шуҳрату маҳбуияти Мавлоно дар Гарб, хоса дар Амрико бишкуфт.

Дар ин замон мутарҷими бузурги дигари Мавлоно дар Амрико профессор Колман Баркс ба кори тарҷумаи шеъри Мавлоно пардохт, ки онро дар як шакли ояти ҷадиде эҷод намуд, ки макбули аҳли шеъру сухан гардид. Ва ин иқдоми Баркс, инҷунин ба фуруш рафтани садҳо нусхаҳои тарҷумакардааш ба у миллионҳо даромади моли овард.

Лозим ба ёдоварист, ки то даст задан ба кору осору ҳаёти Мавлоно Колман Баркс устоди донишгоҳи Ҷеорҷиё буд ва то ин андоза шуҳрате ки имруз дорадро надошт. Ва метавон иддао намуд, ки ин Мавлонои кабир буд, ки уро (Барксро) соҳибному шаҳир гардонд дар ҷомеаи Амрикову берун аз он. У мегуяд "Ашъори у аз огоҳии амиқи баҳамваслии ҳаёту тамоми инсонҳову адён мебошад. Шуҳрати Мавлоно на кам аз Шекспир дар ақсои олам аст."

Шаҳром Шиво, шоир, олим, мутарҷими кутуби Мавлоно дар Амрико бар он назар аст, ки шуҳрати Мавлоно беинтиҳост. У худ дар ин маврид мефармояд: "Шуҳрати Мавлоно лаҳза ба лаҳза ру ба афзоиш аст. У бо масоили иҷтимоии марбут ба инсону ҳаёти у сару кор дорад ва ин масоил метавонад ба 5000 сол қабл нисбат дода шавад ва инҷунин метавонад ба 5000 соли дар пеш истода нисбат дода шавад. Ҳарфу суҳану шуҳрати у беинтҳост".

Беси Сен Миллан як нафар сокини иёлати Королинаи Шимолии ИМА дар мавриди шинос шудан бо Мавлонову номи у чунин мегуяд: "Номи у ба ман шинос буд, аммо ман ҳаргиз порае аз шеъри уро нахонда будам то он замон ки рузе аз ҷониби дустам ба ман даъватнома ба манзури ширкат дар як маросими издивоҷ расид. Онро боз кардам, дар дохилаш як парри ранорангу ҷаззоби товус дидам, ки ҳамроҳ бо баргае навиштаи шеъри Руми. "Ҷунбиши муҳаббатомизро дар атрофи хеш эҳсос кун...- шодобии руҳро навишта буд. "Дигар мулоқоте ки ман бо Руми доштам ин дар Калисо буд, ки хонумеро чашмам уфтод, ки дар даст китоби шеъри Румиро дошт. Аз он замон ман дарк намудам, ки Мавлоно бо ҳама кас дуст будааст."

Навиштаву осори Мавлонои кабир дар тули таърих қодир ба ру овардани бисёре аз одамон ба дини мубини ислом будааст. Мавлоно ҳамчун як купруке миёни давлатҳову миллатҳову қавмият ҳисобида мешавад. Ба унвони мисол профессор, хонуми Фаронсави Ива Де-витрей Меэровитч соли 1964 пас аз ошноиву қарини бо Мавлонову осори гаронбаҳои у ба дини мубини Ислом руй ниҳодааст ва тамоми умр кушида то Мавлоноро ба миллату давлати хеш муаррифи намояд. У инчунин номи хешро иваз намуда онро ба "Ҳавво" табдил додааст. Хонум Ҳавво соли 1999 аз олам чашм мепушад. Ормони у ин буда, ки дар Қуния назди мазори Мавлоно ба хок супурда шавад. Ва чунин ҳам шуда.

Як муҷиби асосии маҳбубияту мақбулияти Мавлоно аз суи табааи мухталиф ин аст, ки у хешро моли ҳама медонад ва инҷоиву онҷоигаро нест. Инчунин ҳамаро ба суи ваҳдату сулҳ даъват мекунад. Мазҳабу оини касеро маломат намекунад. Ҳама кешро эътироф мекунад. Дар ҷое хеле зебо фармуда: "Ман ба парастишгоҳи яҳудон рафтам,ба калисо ҳам рафтам инчунин ба масҷид ҳам рафтам, аммо ҳамоно як хел меҳроб дидам, ки дар ҳер се парастишгоҳ вуҷуд дорад ва ман ҳам якхел руҳия доштам." Бубинед,ин таҷассумгару тараннумгари руҳи оламгир аст, ки бидуни ин руҳ мо ҳечем.

Албатта Мавлоно бо ишқи хеш тавонист теъдоди аъзами одмаонро ҷуфт гардонад. У тавонист дили миллионҳо одамони маҷруҳу ҳиҷрондидаро мудово кунад. У тавонист қалби ҳазорон касро бо ишқу сухани меҳрбори хеш шодоб намояд. У тавонист одамонро соҳибном кунад. Инчунин тавонист худро ба ҳама қурбон кунад.

Миша Рутенберг хунёгари ботаҷриба аҳли Сан Франсискои иёлати Калифорня бар ин бовар аст, ки маҳз сурудаҳои Мавлоно буда, ки уро шуҳрат додааст.

"Нахустин маротиба ҳамчун як хонум, ки ман бо Мавлоно бархурд намудам ин дар соли 1968 дар Мексико буд. Гарқоби дарёи андешаву ҳаёлот қад-қади роҳ қадам мезадам, ки иттифоқан нигоҳам ба китоб-фурушгоҳе бархурд, ки лифофаи китобе бо нақшу нигори моҳирона тасвиршуда таваҷҷуҳамро ба ҳуд кашид. Рафтам вориди он гаштам. Китоби Мавлоноро дарётам, ки саршор аз таронаву шеърҳои ноб буд. Китобро харидам, сипас аз ҳамон руз баъд шуруъ кардам ба тадқиқоту такопу дар мавриди уву ҳаёташ. Ман инчунин бо Аттор ва Ҳофиз ҳам тавассути Мавлоно шинос шудаам. Тули 30 соле, ки банда ҳамчун хунёгау нагмапардоз фаолият бурдаам, садҳо оҳанго эҷод кардаам. Дар соли 2000 маҷмуи оҳангои ҷамънамудаамро дар шакли фита манзури ҳаводорони шеъру оҳанг намудам, ки унвони олбум "Вақте рузҳо шабҳо надоранд" буд, ки пур аз шеърҳои Мавлоно буд ва ин олбум маро дар арсаи кишварам ном дод. Албатта тарҷумаи инглисии шеърҳои Румиро дусти бегарази ирониям менамуд, ки оиди шеъри суфиёна маърифати хубе дошт".

"Ман хеле кучакам.Чи гуна ин ишқи бузург дар замири ман ҷо гирифта? Ба чашмонат назар кун,онҳо хеле кучаканд,аммо метавонанд хеле чизҳои бузргро бубинанд" -мегуяд Мавлонои кабир. Бале, дар воқеъ ин ишқи бузурги Мавлоно имруз дар дунё гунҷоиш надорад ва хешро ба ҳар синаву дил , ба ҳар гушаву канор ҳаме занад. Ин ишқ пайвасткунандаву васлкунанда,боҳамсозиву боҳамбудан аст. Пас месазад, ки аз ин ишқ баҳра бурд. Ин ишқ касро ба ҷониби ҷоддаҳои камолот мебарад то ки кас худии хешро дарёбад. Чаро, ки ҳамин ишқ муҷиб ба офариниши ин олам гардидааст. Пас биёед ҳама ошиқу бедили ин ишқ бошем, чаро, ки бузургтарин унвонро дар назди Худованд ошиқон низ соҳибанд.

Ишқ аз азал аст то абад ҳоҳад буд

Ҷуяндаи ишқ беадад хоҳад буд

Фардо , ки киёмат ошкоро гардад

Ҳар кас ки на ошиқ аст, рад ҳоҳад шуд.

Комментарии (0)add comment

Написать комментарий
smaller | bigger

busy