Кимиёи саодат

 
 
You are here:
 
 

Эсен Усубалиев: “ҲНИТ барои эҷоди наҳзатҳои исломии сиёсӣ дар Осиёи Мараказӣ метавонад улгуи муносибе бошад”

Муовини раиси Маркази мустақили таҳлилӣ ва мутолиотии «Дин, ҳуқуқ ва сиёсат» (Қирғизистон) гуфт, ки мардум аз модели тавсиаи демократии ғарбӣ ноумед шудаанд ва дар пайи таҳия ва тадвини модели миллӣ, фарҳангӣ ва тамаддунии худ бар асоси Ислом ҳастанд.

Эсен Усубалиев дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо хабарнигори хабаргузории Форс дар Бишкек, интихоботи қарибулвуқӯи порлумонии Тоҷикистон ва ба вижа натоиҷеро, ки Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар ин интихобот ба даст хоҳад овард-ро барои тавсиаи андешаи исломи сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ муассир донист ва бо ишора ба ин ки ин ҳизб аз марҳалаи рӯёрӯии низомӣ дар даврони ҷанги дохилии Тоҷикистон убур кардааст, афзуд: “Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз ин раҳгузар таҷрубиёти муассире аз гуфтугӯ бо давлат дорад, ки барои эҷоди наҳзатҳои исломии сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ метавонад улгуи муносибе бошад”.

Муовини раиси Маркази мустақили таҳлилӣ ва мутолиотии «Дин, ҳуқуқ ва сиёсат»-и Қирғизистон тасреҳ кард: “Вижагии ҲНИТ дар он аст зимни фаъолият дар чорчӯби қонуни асосӣ, муддаии эҷоди давлати исломӣ нест, вале ҳамзамон дар ҷиҳати таъмиқ ва густариши арзишҳо ва андешаҳои исломӣ дар ҷомеаи ин кишвар нақши муҳиммеро ба худ ихтисос додааст, ки мавриди таваҷҷӯҳи соири кишварҳои минтақа низ қарор гирифтааст”.

Усубалиев бо таваҷҷӯҳ ба шароити Осиёи Марказӣ, равиши ҲНИТ дар масоили сиёсиро дурандешона ва воқеъбинона унвон кард ва афзуд: “Беҳтар он аст, ки дар ин марҳала аз тавсиаи кишварҳои минтақа, ба ҷои пахши эъломияҳои давлати исломӣ, монанди ҲНИТ ба густариши арзишҳои исломӣ машғул шаванд, то битавонанд дар миёни ҷомеаи мусалмонони ҳар кишваре ба таври хос ва минтақаи Осиёи Марказӣ ба таври ом ҳамбастагӣ эҷод кунад”.

Ин коршиноси масоили динӣ ва сиёсии Қирғизистон дар тавсифи натоиҷи мусбати талошҳои ҲНИТ гуфт: “Тайи 2 то 3 соли ахир мақомоти олии Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба ниёзҳои воқеии ҷомеаи ин кишвар дар заминаҳои мазҳабӣ, тасмимоти роҳбурдӣ иттихоз кардаанд ва бо таъкид бар нақши барҷастаи Ислом барои тавсиаи донишу фарҳанг ва ҳунари тоҷикон, дар садади бархӯрдорӣ аз ҳимоятҳои мардуми ин кишвар баромадаанд”.

Муовини раиси Маркази мустақили таҳлилӣ ва мутолиотии «Дин, ҳуқуқ ва сиёсат»-и Қирғизистон таъкид кард: “Дар Тоҷикистон мо шоҳиди эҷоди таҳаввул дар равобити миёни давлат ва Ислом дар минтақа ҳастем, ки ҳар давлате барои таъйиди қонунмандии худ ба дунболи ҷалби ҳимояти ҷомеаи мусалмонон аз худ баромадааст”.

Усубалиев тасреҳ кард: “Бар хилофи Тоҷикистон, дар Қирғизистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, эҷоди аҳзоби динӣ қонунан манъ аст, вале дар шароити бӯҳрони идеоложик ва адами вуҷуди тафовут миёни барномаҳо ва аҳдофи аҳзоби ғайри динӣ, ба таври табиӣ таваҷҷӯҳ ба Ислом афзоиш меёбад ва акнун шоҳиди ин воқеият ҳастем, ки созмонҳои исломӣ беш аз пеш ба дунболи пайдо кардани ашколи ҷадиди ҳузур дар равандҳои иҷтимоӣ ва сиёсии кишварашон ҳастанд”.

Ин коршиноси масоили динӣ ва сиёсии Қирғизистон гуфт: “Қирғизистон баъд аз касби истиқлол, дар ҷиҳати иҷрои тарҳҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии ғарб дар минтақа пешгом буд, вале инак мебинем, ки мардум, аз шева ё модели тавсиаи демократии ғарбӣ дилсард шуда ва эҳсос мекунанд, ки ниёзманди таҳия ва тадвини модели миллӣ, фарҳангӣ ва тамаддунии хосси худанд, ки дар ин росто Ислом на танҳо ба унвони дин, балки ба унвони системаи идеологӣ ва арзишӣ низ мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифта. Ҳарчанд ин раванд ҳанӯз чорчӯбҳои мушаххаси назарӣ ва илмӣ надорад, аммо боз ҳам иттихози тасмимоти давлатҳои минтақа бо таваҷҷӯҳ ба ниёзҳои арзишии ҷавомеи мусалмони ин кишварҳо нишон медиҳад, ки дар дурнамо нақши омили исломӣ дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барҷастатар хоҳад буд”.

Манбаъ: http://www.farsnews.com/

Комментарии (0)add comment

Написать комментарий
smaller | bigger

busy