Ба муносибати 31-мин солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон

Мирзо Шукурзода, пажӯҳишгар ва узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон мӯътақид аст, ки пирӯзии инқилоби исломӣ дар Эрон тағйироти муҳимме дар навъ ва сохтори тафаккури ҷаҳони Ислом эҷод кард.
Мирзо Шукурзода дар гуфтугӯ бо хабарнигори хабаргузории Форс дар Душанбе афзуд: “Мардуми сарбаланд ва бофарҳанги Эрон дар кӯтоҳтарин замон, низоми худкомаи шоҳиро шикаст дода ва як кишвари солими исломиро ҷойгузини он карданд, ки ин инқилоб дар ҷиҳати таъмини хостаҳои мардум ва миллати дӯсту бардари Эрон нақши муассире доштааст”.
Ин пажӯҳишгари тоҷик тасреҳ кард: “Инқилоби исломӣ таҳаввулоти ҷиддӣ ва амиқе дар равобити Эрон бо дигар кишварҳои ҷаҳон эҷод кардааст”.
Шукурзода изҳор дошт: “Ин инқилоб наҳзати тозае дар омӯзиши улуми мухталиф дар Ҷумҳурии исломии Эрон ба вуҷуд овард, ки ин наҳзат ҳам аз дастовардҳои бузурги инқилоб аст”.
Вай рушд ва тавсиаи Ҷумҳурии исломии Эрон тайи 30 соли баъд аз инқилоби исломиро дар таърихи башарият беназир унвон кард ва афзуд: “Ҷумҳурии исломии Эрон бо дастовардҳои илмӣ, ки дар ин муддат касб кард, ба ҷаҳониён, ба хусус душманони Ислом нишон дод, ки зиндагӣ бар мабнои дини мубини Ислом омили аслии ҳамаи пешрафтҳо будааст, ва ин инқилоб, ки бар пояи шинохти Худованд ва арзишҳои исломӣ тарҳрезӣ шуда буд, барои густариши беш аз пеши Эрони исломӣ заминаи мусоиде фароҳам хоҳад кард ва дар оянда низ мӯҷиби пешрафтҳое дар ин кишвар дар ин замина хоҳем шуд”.
Ин донишманди тоҷик изофа кард: “Эрон танҳо кишвари исломӣ дар минтақа ва ҷаҳон аст, ки тавонистааст дар кӯтоҳтарин замон, илова бар ҳифзи мавозеи мустақилли худ, ба сатҳи болое аз дастовардҳои бузурги илмӣ ва иқтисодӣ даст ёбад ва ҷойгоҳ ва нуфузи қобили таваҷҷӯҳе дар ҷаҳон касб кунад”.
Ин узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон гуфт: “Мардуми тоҷик ба унвони миллат ва ҳамзабон, ҳамдин ва ҳамфарҳанг ба дастовардҳои бузурги илмӣ, иқтисодӣ ва сиёсси миллати Эрон ифтихор мекунад, зеро Эрон тавонистааст бидуни кӯмак гирифтан аз ҳеҷ кишвар ва созмоне, дар бисёре аз заминаҳо ба худкифоӣ бирасад”.
Вай таъкид кард: “Инқилоби исломӣ, илова бар он ки тавонистааст нақши муҳимме дар худкифоии иқтисодии Эрон ифо кунад, ин тавон ва қудратро низ ба Эрон додааст, ки битавонад ба мардуми ниёзманди кишварҳои заиф кӯмак кунад”.
Шукурзода афзуд: “Баъд аз пирӯзии инқилоби исломии Эрон, ҳамкориҳои Ҷумҳурии исломӣ бо тамомии кишварҳои ҷаҳон дучори таҳаввул ва дигаргунии амиқе шуд”.
Ин пажӯҳишгари тоҷик дар поён тасреҳ кард: “Эрон аз даврони бостон то кунун дӯстони зиёде доштааст, вале дар канори ин дӯстон, мутаассифона душманоне ҳам доштааст ва ин душманон ҳеҷ гоҳ намехоҳанд обрӯ ва ҷойгоҳи байналмилалии Эрон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ рушд кунад ва бо кишварҳои дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги худ ва дигар кишварҳо равобити ҳасана дошта бошад. Аммо ман мутмаин ҳастам, ки мардуми сарбаланди Эрон дасти ваҳдат дар дасти якдигар мениҳанд ва ҳамаи тавтиаҳо ва фиребҳои душманонро хунсо мекунанд”.
Вай сӯҳбати худро бо абёте аз Низомии Ганҷавӣ ба поён расонида, гуфт:
Ҳама олам тан асту Эрон дил,
Нест гӯянда з-ин қиёс хиҷил.
Чун ки Эрон дили замин бошад,
Дил зи тан беҳ бувад, яқин бошад.
Манбаъ: http://www.farsnews.com/




