Ба муносибати 31-мин солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон

Рустами Ваҳҳобниё, устоди донишгоҳи Миллии Тоҷикистон мӯътақид аст, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамеша барои кишварҳои мусалмони Шӯравии собиқ ва ба вижа Осиёи Марказӣ, ба унвони намод ва улгуи истиқлолхоҳӣ матраҳ будааст.
Рустами Ваҳҳобниё, ки ба муносибати фаро расидани солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон бо хабарнигори хабаргузории Форс дар Душанбе гуфтугӯ мекард, афзуд: “Инқилоби исломии Эрон бо вуҷуди деворҳои фӯлодини Шӯравӣ тавонист ба ин фазо рахна кунад ва ба мардуми мусалмон ва ба вижа миллатҳои Осиёи Марказӣ ин паёмро бидиҳад, ки наҳзати озодихоҳии уммати исломӣ, ки тайи даҳҳо соли мутамодӣ ба натиҷа намерасад, ба фазли Худо дар Эрон ба самар нишаст”.
Вай тасреҳ кард: “Дар давраи Михаил Горбачев, бисёре аз таҳлилгарон ва соҳибназарони Шӯравӣ ва хориҷӣ, дар интихоби низомҳои оянда барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар баробари кишварҳои ғарбӣ, Туркия ва Эронро улгуи билқувва муаррифӣ мекарданд, ва нуктаи зариф ин буд, ки бо пирӯзии инқилоби исломӣ ва барқарории равобити муносиб бо Шӯравӣ ва сипас Русия, саҳми жеополотикии Эрон дар густараи Шӯравии собиқ, ба хусус дар ҷумҳуриҳои мусалмоннишини он комилан тазминшуда ба назар мерасид”.
Устоди донишгоҳи Миллии Тоҷикистон афзуд: “Имрӯз бешак Ҷумҳурии Исломии Эрон аз назари шохисҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ки истиқлоли онро таъмин ва тазмин мекунад, дар минтақа ва ҳатто фаротар аз он, мунҳасир ба фард аст ва шояд ин нукта ҷолиб бошад, ки барои кишварҳои мусалмони Шӯравии собиқ ва ба вижа Осиёи Марказӣ, ки 2 даҳа аз ҳувиятҷӯӣ ва ҳувиятсозии худро пушти сар мегузорад, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамеша як намод ва улгуи барҷаста будааст”.
Рустами Ваҳҳобниё таъкид кард: “Ҷумҳурии исломии Эрон, илова бар муқовимату поймардӣ дар баробари таҳоҷум, фишорҳо ва таҳдиду таҳримҳои мухолифони ғарбӣ ва шарқӣ, ба рушду тавсиаи чашмгири иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва эъмоли сиёсатҳои мантиқӣ ва дӯстона бо кишварҳои минтақа ва беш аз он ироаи тарҳҳои сулҳҷӯёна дар сатҳи байналмилалӣ ва ибтикороти муассири Эрон дар созмонҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ даст ёфтааст ва дар ниҳоят ҳамакнун Эрон ба яке аз меҳварҳои сиёсати байналмилал табдил шудааст”.
Вай тасреҳ кард: “Ҳамчунин муваффақиятҳои Эрони исломӣ дар арсаҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ барои кишварҳои мусалмони минтақа аз он ҷиҳат ҳоизи аҳамияти вижа аст, ки басоти назари нокоромадии арзишҳои исломӣ дар рушди ҷаҳони муосир барчида шуд”.
Устоди донишгоҳи Миллии Тоҷикистон гуфт: “Имрӯз соҳибназароне, ки дар сиёсатҳои миллӣ ва байналмилалӣ ба арзишҳои исломӣ таваҷҷӯҳ доранд, дар бештари маворид дар баҳсҳо ва таҳлилҳои худ аз муваффақиятҳои ғайри қобили инкори Ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони намуна ва далели қотеъи коромад будани Ислом ёд мекунанд ва бо итминон метавон гуфт, ки рушди кишварҳои минтақа аз ҷумла Тоҷикистон, чи дар ояндаи наздик ва чи дар ояндаи дур, дар тамомии заминаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ ҳамроҳ ва ҳамзамон бо рушду таҳкими равобити ҳасана бо Эрон сурат хоҳад гирифт”.
Манбаъ: http://www.farsnews.com/




